Ошкори ҳолати қаллобии собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Мирзоев Ш.Ҳ. аз 17 марти соли 2020 то 5 январи соли 2023 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ ва аз 6 январи соли 2023 то 18 марти соли 2024 дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зеррин ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро содир намуд.
 
Чунончи, Мирзоев Ш.Ҳ. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб назди худ пеша намуда, давоми соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш ба боварии ду нафар сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз номбурдагон барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар умум маблағи 87000 сомонӣ гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намудааст.
 
Ғайр аз ин, Мирзоев Ш.Ҳ. дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ноҳияи А.Ҷомӣ қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, давоми соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намуд.
 
Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев Ш.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Иштироки хайати Агенти дар Форуми IV зиддикоррупсионии Тошканд

Возможно, это изображение 3 человека и текст17 октябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми IV зиддикоррупсионии Тошканд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини директори Агентӣ Талбакзода Сулаймон Талбак иштирок намуданд.
 
Дар чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои зиддикоррупсионии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Латвия, Финландия, Корея, Чин, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Барномањои рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва дигар коршиносони байналмилалӣ ширкат варзида, дар атрофи мавзўъҳои зиддикоррупсионӣ, аз қабили истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун воситаи муассири пешгирии коррупсия, фарҳанги зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи рафъи низоъҳои иҷтимоӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо суханронӣ намуданд.
 
Чорабинӣ дар фазои илмию мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён имконияти шиносоӣ пайдо кардан бо паҳлӯҳои гуногуни падидаи коррупсионӣ дода шуда, дар он барои баррасии масъалаҳое, ки дар самти муковимати дастаљамъона ва ҳамоҳангшуда бо коррупсия аз манфиатњои тарафайн бармеояд, фазои мусоид фароҳам оварда шуд.
Возможно, это изображение 1 человек, стол, помост и текст
Маркази матбулти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории конфронси илмӣ – назариявӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат”

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 11 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат” баргузор карда шуд.
 
Дар кори конфронс роҳбарият, масъулин ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва як қатор кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои таърихи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрам баромадҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
 
Қайд гардид, ки воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон санади асосӣ ва тақдирсози давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб рафта, он дар ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши калидӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он ин пеш аз ҳама дар сатҳидазлдор таҷлил намудани “Рузи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб меравад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории конфронси минтақавии коршиносон дар мавзӯи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал»

Санаи 09 октябри соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон  ва Покистон (UNODC) дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавии коршиносонро дар мавзӯи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» баргузор намуд.

 

Чорбинӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.

 

Дар кори Конфронс намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин коршиносони байналмилалии самти муқовимат ба коррупсия ширкат варзида, дар рафти он байни иштирокчиён вобаста ба поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии санҷиши поктинатии хизматчиёнӣ давлатӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои минтақа дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, қайд гардид, ки хизматчии давлатӣ бояд бо рафтору кирдори худ наҷибият, поктинатӣ ва адолатро таҷассум намояд ва омили муҳими фаъолияти бомуваффақияти хизматчии давлатӣ ин поквиҷдонӣ ва пешгирии истифодаи манфиатҳои шахсӣ дар фаъолияти меҳнатӣ мебошад.

 

Хизматчии давлатӣ ҳамчун субъекти асосии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ҳангоми фаъолияти хизматӣ бевосита ба ин падида дучор мешавад. Аз ин лиҳоз, ташаккули принсипи поктинатии хизматчии давлатӣ механизми асосии ташаккул ва фаъолияти дурусти хизмати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он одоб ва фарҳанги баланди муошират, инчунин таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия ҳамчун шарти муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстиву эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба боварии комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва муқовимати беамон бар зидди коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail

Баргузории мулоқоти судманд марбут ба омӯзиш ва таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение 2 человека и помостДар ҳошияи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, санаи 04 октябри соли 2024 вохӯрии навбатии намояндагони Агентӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ташкил ва баргузор карда шуд.
 
Чорабинии доиргардида бо иштироки ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони масъули воҳидҳои зерсохтории мақомот доир гардида, дар он қонунгузории кишвар ва барномаҳои давлатии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
 
Маҳз иродаи оштинопазири Ҳукумати кишвар имкон овардааст, ки баҳри мубориза бо падидаҳои номатлуб чун коррупсия дар қаламрави мамлакат тамоми заминаҳои моддиву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шаванд.
 
Дар ин замина, омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳар як хизматчии давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон фароҳам меорад, ки дар рӯҳияи риояи қонунҳо амал намуда, аз содир намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд.
Возможно, это изображение один или несколько человек
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст
Маркази матбуотӣ Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Абдухолиқзода А.А. аз 7 ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти қаллобӣ даст зад. 

 

Чунончӣ, моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифт. 

 

Абдухолиқзода А.А. баъди гирифтани маблағи 20000 сомонӣ ба манфиати шаҳрванд Б.А.Қ. ягон амалро иҷро накарда, маблағи зикршударо тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Б.А.Қ. зарари ҷиддии моддӣ расонид. 

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдухолиқзода А.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист»

Бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии мубориза бар коррупсия» 2 октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» доир гардид.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳалл, имомхатибони масҷидҳо, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандогони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолон, гирандагони стипендияи Президентӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мухталиф маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
 
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар мадди аввал гузошта, нагузорем, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия, ба кишвари азизамон таъсири манфии худро расонад.
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст
Дар доираи чорабинии баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, вобаста ба он ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

ОШКОРИ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБИИ РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Носиров Ф.С. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд буда, аз 20 июли августи соли 2022 то 01 июли соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истиқлол кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш новобаста аз он, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз ин ҳолат ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолатҳои зерин ҷинояти қаллобиро такроран содир намуд.
 
Чунончи, Носиров Ф.С. дар давоми соли 2023 аз мақсади шаҳрванд Ю. М. Р. ҷиҳати харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ хабардор шуда, ба охирин пешниҳод кард, ки бар ивази маблағи 20000 сомонӣ метавонад аз маҳаллаи 1-ум ва бар ивази маблағи 25000 сомонӣ аз маҳаллаи 2-юми шаҳри Истиқлол манзилҳои истиқоматии давлатиро ба ному насабаш хусусӣ гардонида диҳад.
 
Ҳамин тариқ, Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард.
 
Оиди ҳолатҳои мазкур дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда нисбати Носиров Ф.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail