Баргузории Конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф - омили муҳими муқовимат ба коррупсия» дар шаҳри Турсунзода
Моҳи сентябри соли 2024 дар толори машваратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф - омили муҳими муқовимат ба коррупсия” дар доираи тадбирҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, инчунин доираи васеи омӯзгорон ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф, пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини талаботи амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, дар рафти он ба иштирокчиён мазмуну муҳтавои қонунгузории самти муқовимат ба коррупсия ба иштирокчиён расонида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, дар назар аст, ки натиҷаи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф ва илми шаҳри Турсунзода ва муборизаи беамон бо падидаи номатлуби коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ