.
3 октябри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии мақомот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор доир гардид.
Зимни мулоқот рафти иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия, тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти хариди электронии мол, кор ва хизматрасонии давлатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомот мавриди баррасӣ ва муҳокиҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ санаи 3 сентябри соли 2024 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - дастоварди миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, раиси ноҳияи Айнӣ, роҳбарият ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мухталиф маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
27 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо сафири Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Виллӣ Кемпел доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи равобити дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мубодилаи афкор намуда, аз ҳамкории ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфамӣ сурат гирифта, ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилан судманд арзёбӣ ёфта, умед аст, ки натиҷаи он барои рушди муносибатҳои ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Чоп намудан
E-mail
.
Давоми моҳи августи соли ҷорӣ аз тарафи шахсони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо фаъолону сокинони ноҳияи Дӯстӣ доир ба мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин аҳамияти сиёсиву таърихии таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба мавзӯъҳои болозикр мулоқотҳо доир намуданд.
Дар маърузаҳои худ намояндгони Агентӣ мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин аҳамияти сиёсиву таърихии таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми сокинони ноҳияи Дӯстӣ расонида, дар як вақт оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳашару шанбегиҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар ва густариши эҳсоси ватандӯстии ҷавонон баҳри пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои терррористию экстремистӣ, содиршавии ҷиноятҳои фаромиллӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан, ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқиии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ба ҳисоб меравад.
Инчунин, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав воқеан дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандони мо иқдоми муҳимму саривақтӣ маҳсуб мешавад.
Дар доираи чорабинии баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ба саволҳо пешниҳоднамудани худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Чоп намудан
E-mail
.
Санаи 22-уми августи соли 2024 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024» дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникии қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимати самаранок ба коррупсия дар мавзӯъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони Кумита ва муассисаҳои зерсохтории он, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, дар он мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба иштирокчиён ҳамаҷониба тавзеҳ дода шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
15 августи соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 апрели соли 2024, №252 тасдиқ гардидааст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун мебошад.
Дар кори конфронс иштирокчиён доир ба мавзўъҳои «Маърифати ҳуқуқии омӯзгор» ва «Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо» маърӯза намуда, паҳлуҳои гуногуни мавзўъҳои баррасишавандаро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар маҷмӯъ чорабинии мазкур дар фазои руҳияи зиддикоррупсинӣ сурат гирифта, бо итминони комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия 18 июли соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Низоми арзёбии рейтингии самаранокии фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия” тариқи маҷозӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуданд, ки дар рафти он роҳбарият ва масъулин аз ҳарду ниҳод ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ баромадкунандагон атрофи низоми арзёбии рейтингии фаъолияти зиддикоррупсионии мақомоти давлатӣ, тадбирҳо оид ба амалисозӣ ва ҷорӣ намудани ин низом, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт мавҷудбуда ибрози андеша намуда, дар қисмати хотимавии чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Боиси қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам оварда, дар назар аст, ки аз натиҷаи он ҷонибҳо аз таҷрибаи муоссири зиддикоррупсионии тарафҳо баҳраманд мегарданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
20 июни соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф” дар ҳошияи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор шуд.
Конфронсро шахсони масъули Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр карда шуд, ки ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти масъалаҳои экстремизму терроризм ва ҷаҳонишавии коррупсияро, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буд, сари вақт дарк намуда, муқовимати оштинопазирро бо ин падидаҳои номатлуб дар меҳвари сиёсати хеш қарор додаанд. Таъкид гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони навин тамоми масъалаҳо вобаста ба ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия бевосита аз иродаи олии сиёсии ин абармарди таърихӣ сарчашма гирифта, ташаббусҳои ин сиёсатмадори барҷаста дар ин ҷода беназир арзёбӣ мегардад.
Дар идома иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои ҷанбаҳои ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, экстремизм ва терроризм, инчунин нақши ниҳодҳои давлатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди коррупсия маърӯза карданд ва оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail