Ошкори ҳолати қаллобии собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Мирзоев Ш.Ҳ. аз 17 марти соли 2020 то 5 январи соли 2023 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ ва аз 6 январи соли 2023 то 18 марти соли 2024 дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зеррин ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро содир намуд.
 
Чунончи, Мирзоев Ш.Ҳ. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб назди худ пеша намуда, давоми соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш ба боварии ду нафар сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз номбурдагон барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар умум маблағи 87000 сомонӣ гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намудааст.
 
Ғайр аз ин, Мирзоев Ш.Ҳ. дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ноҳияи А.Ҷомӣ қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, давоми соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намуд.
 
Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев Ш.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail