Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ

 

Ҳамватанони азиз!

Мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде пеш ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.

Тайи чанд рӯзе, ки мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорем, натиҷаву маҳсули заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони онро хуб мушоҳида намудем.

Бинобар ин, ба кулли мардуми вилоят барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати созандаву ободгарона ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки чорабинии имрӯза низ самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин ба шумор меравад.

Ҳазорон маротиба шукр мегуем, ки имрӯз мову шумо давлати соҳибистиқлоли худро дорем, соҳиби Ватани озоди худ ҳастем, ки он бо азму талоши мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Хотирнишон менамоям, ки истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо як воқеияти сиёсӣ, балки масъулияти бузурги маънавӣ дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд.

Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд.

Ҳамзамон бо ин, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки таърихи беш аз се даҳсолаи гузашта барои мо давраи болоравии бесобиқаи ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат гардид.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра мо ба дастоварди ниҳоят арзишманди таърихӣ – ваҳдати миллӣ, ки роҳро барои пешравию комёбиҳои беназири ин марҳалаи давлатдории навини тоҷикон ҳамвор сохт, ноил гардидем.

Яъне дар ин давра мардуми мо миллати куҳанбунёду тамаддунсоз будани худро исбот карданд, қобилияту қудрати хешро барои анҷом додани корҳои бузург ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳои сахту сангин нишон доданд.

Рушди имрӯзаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешрафту ободиҳои дар қаламрави он амалигардида ва бамаротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят мисоли равшани ин мебошад.

Дар робита ба ин, як нуктаро хотирнишон месозам: дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳое ба анҷом расонида шуданд, ки дар замони гузашта иҷрои онҳоро умуман ғайриимкон медонистанд.

Дар ин давра бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинони вилоят бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти асосии мардуми вилоят, яъне набудани роҳҳо то имрӯз якчанд лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ ба маблағи миллиардҳо сомонӣ амалӣ карда шуд.

Дар натиҷа дар ҳудуди вилоят садҳо километр роҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд.

Имрӯз рафтуомади бехатару осони аҳолии вилоят ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, аз ҷумла боркашонии байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама ба рушди вилоят ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони он мусоидат карда истодааст.

Бинобар ин, мо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Хусусан, дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳар яки мо вазифадорем, ки дастовардҳои то имрӯз ноилгардидаамонро боз ҳам таҳким бахшем ва корҳои созандагиву ободониро вусъати бештар диҳем.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, махсусан, саноатикунонии босуръати кишвар сафарбар созем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, худшиносу худогоҳ бошем ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем.

Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои дар ҳақиқат таърихӣ – 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худ қарор доранд.

Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ мо соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардем, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии мардум, тақвият бахшидан ба эҳтирому риояи қонуният, яъне волоияти қонун, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон мебошад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат хурду бузурги сокинони вилоятро ба ифтихори ҷашни Меҳргон – яке аз ойинҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҷлил гардида истодааст, инчунин, 30-солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Дар ҷодаи муқаддасу пурифтихори ватансозиву давлатсозӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – саломатӣ, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша тандурусту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

Чоп намудан E-mail

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукуҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуданд.

Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ имрӯзаро низ Пешвои миллат самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон номиданд.

Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин ба шумор меравад.

Сарвари давлат бо арҷгузорӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатиро масъулияти бузурги маънавии мардум дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан унвон намуданд.

Гуфта шуд, ки “мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд”.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинон бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Бо назардошти пешравиҳои амиқ Пешвои миллат муҳтарам Эмормалӣ Раҳмон аз мардуми сарбаланди вилоят даъват намуданд, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расида, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, бо худшиносию худогоҳӣ ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат чорабинии идонаро барномаи бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони вилоят идома дод, ки бисёр ҷаззоб ва дилнишин буд.

Чоп намудан E-mail

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим

Ҳамватанони азиз!

Ба кулли сокинони ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Ишкошим ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – барои истиқболи самимӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳадафи сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим аз наздик шинос шудан бо вазъи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва шароити зиндагии мардум мебошад.

Ҳамчунин, мо то омадан ба ноҳияи Ишкошим тасмим доштем бо вазъи зиндагии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди деҳоти Зонг бевосита шинос шавем ва ба онҳо хонаҳои истиқоматии навбунёдро супорем.

Мо дар рӯзи аввали ин ҳодиса супориш додем, ки аҳолии зарардидаро бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла хӯрокворӣ, ҷойи зисти муваққатӣ ва масолеҳи сохтмон таъмин намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои онҳо хонаҳои наву замонавӣ бунёд карда шаванд.

Имрӯз оилаҳои зарардида соҳиби манзили истиқоматии нав бо тамоми шароити зиндагӣ ва асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор, инчунин, майдончаи варзиш гардиданд.

Илова бар ин, имрӯз як қатор иншооти навбунёди дигар, аз ҷумла варзишгоҳи муосир бо 4000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд, ки натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва самараи заҳмати сокинони ноҳия мебошанд.

Дар сафари имрӯзаи худ баръало мушоҳида намудам, ки сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус ба шукронаи фазои орому осудаи кишвар ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъю талоши зиёд карда истодаанд.

Сафари қаблии мо ба ноҳия 27 июни соли 2016 сурат гирифта буд.

Дида мешавад, ки дар муддати беш аз ҳашт соли гузашта ноҳия хеле обод ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардидааст.

Бинобар ин, ба мардуми заҳматдӯст ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия, ки дар ободиву пешрафти ин гӯшаи зебои Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Пешбурди сиёсати рушди шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон яке аз афзалиятҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар заминаи ин сиёсат барои ободонӣ ва рушди ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардонидани он 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 милион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Лоиҳаҳои зикршуда ба бунёду муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устувории зидди офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъминоти барқ дар деҳот, нигоҳдории роҳҳои мошингард ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.

Ҳамчунин, дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бовар дорам, ки бунёду азнавсозии иншооти боқимонда дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид менамоям, ки таҳти таъсири вазъияти ҷаҳони имрӯза, хусусан, гармшавии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ ва офатҳои табиӣ масъалаи бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ барои бисёр кишварҳои сайёра ҳоло ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим пурра ва самаранок истифода карда шаванд.

Мо бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, бозори истеъмолии дохилӣ, яъне мардумамонро бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин намоем ва нагузорем, ки дар вазъи пешгӯинашавандаи бозорҳои ҷаҳонии молу маҳсулот сокинони кишварамон ба танқисӣ рӯ ба рӯ гарданд.

Ноҳияи Ишкошим бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза саҳми арзишманд дорад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 104 миллион сомонӣ дар соли 2023 расидааст, яъне қариб 12 баробар зиёд шудааст.

Зарур аст, ки роҳбарияти ноҳия, мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия раванди афзоиши истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ вусъат дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Шумо дар саргаҳи об қарор доред ва бояд аз ин имконияти мусоиди табиӣ ҳарчи бештар истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоед.

Ноҳияи Ишкошим барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар дорои имкониятҳои бузург, аз қабили захираҳои меҳнатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.

Бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва дар онҳо ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, яъне рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ишкошим соли 2023 ба 5,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум якуним баробар зиёд мебошад.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия афзоиши истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз таъмин кардаанд.

Имрӯз мо корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гулчеҳра – 80»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти он шинос шудем.

Вале бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳия ҳамагӣ 10 коргоҳу корхона фаъолият дорад, ки ин шумора ҳанӯз нокифоя аст ва ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ҷавобгӯ нест.

Зеро ноҳияи Ишкошим дорои захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла гиёҳҳо ва обҳои шифобахши маъданӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, мармар, талк, литий ва дигар канданиҳои фоиданок мебошад.

Аммо то имрӯз коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз онҳо ба роҳ монда нашудааст, ки андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.

Зарур аст, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва дигар сохторҳои марбута тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъсис дода шудааст.

Бо вуҷуди он ки минтақаи мазкур ҳанӯз соли 2010 таъсис дода шудааст, то ба ҳол ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан, захираҳои табиии ноҳияи Ишкошим чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия сабабҳои ба таври зарурӣ фаъолият накардани Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»-ро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бартараф сохтани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ 6 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Мо дирӯз дар ноҳияи Роштқалъа хатти интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолтаи «Хоруғ – Қозидеҳ»-ро, ки аз ҷумлаи корҳои ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда мебошад, ба истифода додем ва бо ҷараёни корҳои бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шудем.

Лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии таъминоти сокинони ноҳияи Ишкошим бо неруи барқ ва устувории низоми интиқоли он дар шабакаҳои барқи вилоят аҳаммияти хеле калон доранд.

Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ишкошим заминаи мусоид фароҳам месозад.

Дар даҳ соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, бо истифода аз табиати зебову нотакрор, обҳои мусаффо, мавҷудияти чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин, Зонг, ҳайвоноти нодир ва дигар имкониятҳои мусоиди ноҳия таъмин намудани рушди сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва шикор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024 – 2026-ро ҷоннок намуда, дар заминаи он лоиҳаҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида тавонанд.

Ҳамватанони азиз!

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 2220 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 7 бинои таълимии дигар барои 1100 ҷойи нишаст идома дорад.

Мо имрӯз ду муассисаи таълимиро бо 930 ҷойи нишаст ва бо беҳтарин шароит барои омӯзиши илму дониш ба истифода додем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2130 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла қариб 1100 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд.

Аз соли 1997, яъне соли ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ то имрӯз 509 нафар ҷавонони ноҳия, аз ҷумла 314 нафар духтарон бо истифода аз ин имконият соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Соли 2024 тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ноҳия 19 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло аз ноҳияи Ишкошим танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 36 нафар, аз ҷумла 26 нафар тибқи квотаи президентӣ ва дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Ҳамзамон бо ин, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 82 нафар ва дар дигар коллеҷҳо 117 нафар донишҷӯён аз ноҳия таҳсил карда истодаанд.

Умуман, бояд гуфт, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ 1017 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро хатм карда, ҳоло дар муассисаҳои тиббии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин, дар давлатҳои дигар фаъолият доранд, ки садҳо нафари онҳо фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим мебошанд.

Аҳсан ба падару модароне, ки чунин фарзандони боистеъдоду қобилиятнокро ба камол расонидаанд!

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 (ҳамагӣ 20 фоиз), дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани 7 муассиса ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 11 муассисаи таълимӣ ҷой доранд.

Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои бартараф намудани мушкилоти зикргардида чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таъкид намоям, ки вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарону масъулин, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа, аҳли маориф, зиёиён ва падару модарон дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир нисбат ба ҳар вақти дигар талошу кӯшиш кардан ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила мебошад.

Яъне мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан, дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ таъсис диҳем ва барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.

Инчунин, мо вазифадорем, ки ба хотири ояндаи орому осудаи ҷомеа фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, ба онҳо барои азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар шароиту имконият муҳайё кунем.

Мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватанамонро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст дорем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид ва дастгиру ғамхори якдигар бошем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Ишкошим, яъне сокинони яке аз гӯшаҳои бостонии сарзамини тоҷикон минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам обод месозанд.

Ба хурду бузурги ноҳия ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, хамдиёрони азиз!

Чоп намудан E-mail

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим мулоқот намуданд

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим 13.10.2024

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Пешвои миллат аз талошҳои сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, дар самти ободу зебо гардонидани диёри худ изҳори сипос намуда, ба ғайрату садоқати онҳо баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳия беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардонидани он 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 милион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он аз 9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 104 миллион сомонӣ дар соли 2023 расид, яъне қариб 12 баробар зиёд шуд.

Роҳбарияти ноҳия, мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия вазифадор шуданд, ки раванди афзоиши истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ вусъат дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ишкошим соли 2023 ба 5,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум якуним баробар зиёд мебошад.

Вазорату идораҳои марбута аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Таъкид гардид, ки тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ 6 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия ва татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024 – 2026 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ва ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани насли наврас дастуру супоришҳо доданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Ишкошим минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукрона аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам обод месозанд.

Чоп намудан E-mail

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти кишвар мебошанд, пешниҳод намуданд.

Ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба шарҳу ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида, дар самти расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кӯҳистон мусоидат мекунад.

Сокинони шаҳри Хоруғ аснои истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодиву сурур ва эҳтироми худро  нисбат ба Роҳбари давлат то кӯчаҳои марказӣ ва ду хиёбони асосӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ нишон доданд.

Чоп намудан E-mail

Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»

Аз дидани гулҳои рангоранг ва буттаю дарахтони ороишию сояафкани кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу хуррами Душанбе, ки табъи кас болида мегардад, хеле хушҳол шудам. Чунин иброз дошт 10 октябр андешаҳояшро дар оғози мулоқот бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Ман соли 2022 ба шаҳри Душанбе омада будам. Имрӯз дубора ба ин ҷо омада, шоҳиди он гардидам, ки Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ман имрӯз аз ин дигаргуниҳои пойтахти Тоҷикистон, хусусан меҳмоннавозии гарму самимии мардуми тоҷик хеле шод шудам», — гуфт Валентина Матвиенко.

Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия изҳор дошт, ки дар  муддати кӯтоҳ Душанбе симояшро куллан дигар кардаву бо суръат  рушд намудааст, ки мояи ифтихории халқи тоҷик мебошад.

Валентина Матвиенко ҳамзамон иброз дошт, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ мебошанд ва дар Русия ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имрӯз байни ҳарду давлат ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Чоп намудан E-mail

«30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ доир гардид

Имрӯз дар бинои Парлумони Тоҷикистон бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллӣ  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадри конфронс ва ҳайатҳои воломақоми парламентҳои кишварҳои хориҷиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Иброз гардид, ки нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

«Қабули ин санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафт ва муаррифии давлати мо ба оламиён мебошад»,- баён доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Иброз гардид, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар баробари тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон дар саргаҳи пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дошта, ташаббускори қабули нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар — Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он алоҳида таъкид карда, иброз намуданд, ки «Сарвари мамлакат бо хиради воло, иродаи қавӣ, шуҷоату далерии бемисл ва бо қадамҳои қатъии хеш ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшида, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот доданд, дар таъмини сулҳу субот, рушду бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми бузург гузоштанд».

Дар идомаи конфронс Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва собиқ вакили Шурои Олӣ, даъвати дувоздаҳум ва Маҷлиси Олӣ, даъвати якум Рафиқа Мусоева суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ кори Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор бахши алоҳида дар доираи мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Конститутсия- заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» идома дода шуд.

Дар ин бахшҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳайатҳои парламентӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди босуботи давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҷомеа ва аҳамияти Конститутсия дар рушду такомули ҷавонони мамлакати соҳибистиқлол маъруза ва табодули афкор намуданд.

Бо ҳамин Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом ёфт.

Дар кори конфронси байналмилалӣ роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон иштирок намуданд.

Чоп намудан E-mail

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзон боздид намуданд

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.

 

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Файзобод шаҳодат медиҳад.

 

Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад.

 

Бояд гуфт, ки иқлими ноҳия барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот хеле мусоид мебошад.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳо, инчунин ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.

 

Кишоварзони ноҳияи Файзобод дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили дилхоҳ ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

 

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

 

Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба даст омадаанд, ба таври васеъ ба намоиш гузоштанд.

 

Тавре иттилоъ дода шуд ба давраи то 1 августи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Файзобод зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

 

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумла анвои гуногуни нон, аз ҷумла фатир ва кулча муаррифӣ гардид.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва деҳқонони ризқофар барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.

 

Чоп намудан E-mail