ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ЗАМИНАИ АСОСИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

Воқеан аз қадимулайём то ба имрӯз забон муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи аслии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо маҳсуб ёфта, то он замоне, ки ҷомеаи инсонӣ арзи вуҷуд дорад, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

 

Олимони соҳа забонро хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як миллат медонанд ва онро ба нерӯе нисбат медиҳанд, ки қутрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечутоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат мебошанд, ба намоиш мегузорад.

 

Забони миллии мо низ ба ҳайси як забони бостонӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пуршебу фарозро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст.

 

Чунки решаҳои он ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

 

Таърих собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанги миллӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва ба доираи забонҳои фарҳангии ҷаҳон шомил мебошад.

 

Ҳарчанд миллати тоҷик дар давраи ҳазорсолаи баъди Сомониёни бузург давлат надошт, вале дар тӯли ин асрҳо дар тамоми минтақаи Шарқ забони расмии дарбору давлатдорӣ, муоширати байни халқҳои гуногун ва забони байналмилалӣ забони модарии мо - забони ноби тоҷикӣ буд.

 

Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки ҳамин забон ҳастии миллати моро наҷот дод, аз нав эҳё кард ва миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Зеро забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он ба кадом миллат мансуб будани инсон муайян карда мешавад ва то ҳол илм ҳанӯз аз ин тарзи бештар, беҳтару хубтар ва далели муътамади дигарро барои муайянкунии мансубияти шахс ба ин ва ё он миллат, собит накардааст.

 

Ҳоло имрӯз низ, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ забони тоҷикӣ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳамрадиф будани мафҳумҳои забону давлат ва қадршиносии азамату бебаҳоии забони миллӣ нахустин Қонуни забонро, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, «Оғози истиқлоли фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуданд.

 

Бо чунин мафкураи камназир ва муҳаббати самимие, ки нисбат ба забони модарӣ доштанд, аз рӯзҳои аввали давлатдории навин, ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ-сиёсати забонӣ ва беҳбуди вазъи онро дар ҷомеа, дар марказу меҳвари сиёсати хеш қарор дода, дар таҳкиму ташаккули минбаъдаи он ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуданд.

 

Аз ҷумла, дар аснои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 2 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  забони давлатӣ эътироф кардани забони тоҷикӣ меъёри алоҳида ворид карда шуд ва ин ташаббус ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард, то ки арзишҳои миллию фарҳангии ин миллати куҳанбунёд эмин нигоҳ дошта шавад.

 

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ, фарҳангию маънавӣ баҳри рушду нумӯ ва ривоҷу равнақи забони тоҷикӣ соли 2008-ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон карданд. 

 

Бояд тазаккур дод, ки қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои Қонуни забоне, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, бо ибтикори ҳамин фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло он заминаи ҳуқуқӣ барои бартарии истифодаи забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Баъди қабули Қонуни мазкур барои татбиқи босамари он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 октябри соли 2009 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд.

 

Минбаъд бо дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 «санаи 5 октябр» ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд. 

 

Ҳоло 13 сол аст, ки мардуми сарбаланду хуштолеи тоҷик, бахусус аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ рӯзи «5 октябр»-ро ҳамасола бо як ифтихор ва эҳтироми хоса ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегиранд ва забони тоҷикиро, дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ, ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ, нигаҳдорандаи таъриху арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ ҷовидона муқаддас медоранд. 

 

Дар ҳақиқат қудрати забон - қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушду тараққиёти ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазосолаҳо ба ҳисоб рафта, мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бе собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пештар аз ҳама, бидуни пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надорад.

 

Яқинан мояи ифтихору сарбаландии мост, ки имрӯз шахсан Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ҳомии забони миллӣ ҳастанд ва ба он амсоли рукни асосии бинои ҳастии миллат, устувориву будубоши давлат, таҳкурсии асосии ҳувияти миллӣ, омили аслии ҳифзи кулли дастоварду тамаддунҳо ва фарҳанги  беназири ниёгон арҷ мегузоранд, ки ин хислати ҳамидаи ватанпарастию ватандӯстӣ сазовору арзандаи пайравист.

 

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо таърихи пурифтихори забони миллӣ ошно намудани мардум, ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон расонидани саргузашту тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маънавӣ дорад.

 

Дар ин раванд, ҷиҳати шинохти забон, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба он,  тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи руҳияи ватанпарастӣ, зикри боз як ташаббуси комилан судманди Пешвои миллат, ки дар эҷоди асари безаволи «Забони миллат-ҳастии миллат» ифода меёбад, аз аҳамият холӣ нест.

 

Дар воқеъ, агар бузургони пешин, ба монанди устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ѓафуров ба забон ва таъриху адабиёти пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар паёмади эшон Президенти мамлакат бо таълифи ин асари мондагор ба Модар - Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар - сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт дар ҳадди шоиставу сазовор аҷргузорӣ намуданд. 

 

Бешубҳа таълиф ва нашри ин асари пурарзиш барои миллати тоҷик бузургтарин рӯйдоди фарҳангию маърифатӣ ба ҳисоб рафта, албатта барои наслҳои имрӯзу фардо ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатии миллат ва рушди тафаккуру шуури миллии аҳли ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

 

Воқеан мо ворисони ин забонро боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

 

Аз ин боис, моро зарур аст, ки мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем, барои устувор гардонидани забони давлатиамон пайваста талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш ба харҷ диҳем. 

 

 Бо омӯзиши гузаштаву имрӯза бо ҳисси баланди ифтихор аз давлату миллат  бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ин муқаддасотро ҳамеша поку беолоиш аз омехтагӣ бо бегонагиҳо ҳифз намоем ва ба наслҳои ояндаи худ ин эҳсосу эҳтиромро нисбат ба забони давлатии худ омӯзонем ва бештар аз ҳама, ҷиҳати амнияти миллат, якпорчагӣ, побарҷогӣ, ваҳдати миллӣ, ободу зебогардонии ҳамешагии Ватан, ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ба ҳамин монанд хислатҳои ҳамида ва ихлосу эътиқоди ватандориро дар қалби онҳо ҷой диҳем.

 

Аз мадди назарамон набояд дур монад, ки  гузаштагони мо ин забонро ҳамчун падидаи миллӣ  аз давраҳои қадим ҳифз карда, онро ба мо мерос гузоштаанд ва мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои ояндаамон бо ҳамин покиву шевоӣ ба мерос гузорем.

 

Дар фаровард бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, ҳамаи Шумо - шаҳрвандони азизро ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, бароятон саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва рӯзгори осударо  орзу менамоям.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

          

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тафовути он аз Қонуни қаблӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти соли 2024 зимни вохурӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат андешаҳои ҷолиби диққат ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон ниҳоят заруриро баён доштанд.

 

Дар ҳамин вохӯрӣ, баъди таҳлилҳои асосноку дақиқ ба масъулин дастур доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаҳои андӯхта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.

 

Маҳз дар асоси ҳимин дастури Сарвари давлат ҷиҳати таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангӣ, арзишҳои мардумӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва дар маҷмӯъ бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ санаи 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид ва аз 22 июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор дорад.

 

Қобили тазаккур аст, ки Қонуни мазкур аз ҷиҳати мавзӯи танзим, сохтори дохилӣ ва таҷдиди меъёр аз қонуни қаблӣ тафовути куллӣ дошта, аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, нисбат ба Қонуни қаблӣ 1 боб ва 6 моддаи нав илова карда шудааст.

 

Бо назардошти он ки мафҳумҳои «анъана» ва  «маросим» як маъноро ифода мекунанд, қонунгузор онҳоро дар доираи як мафҳум, яъне «маросим» ифода карда, калимаи «анъана»-ро аз матни Қонун хориҷ кардааст.

 

Дар Қонун ду мафҳум шарҳ дода шудааст, яъне мафҳумҳои «маросим» ва «ҷашн»:

 

1) «маросим» - ин маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;

 

2) «ҷашн» - ин таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

 

Тафсири ҳар як қонун шарҳу тавзеҳи васеъро тақозо мекунад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва роҳ надодан ба вайронкунии талаботи он ҳадди ақал тағйиротҳоеро, ки барои мо муҳимманд ва дар қиёси қонунҳои қаблӣ ворид гардидаанд, бояд донем.

 Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур ҷашнҳои расмӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, эътироф гардидаанд.

 

Тағйироти ҷиддие, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ карда шудааст, аз он иборат мебошад, ки  дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон бояд дастархони камхарҷи идона ороста шавад ва дар ин ҷашнҳо исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст.

 

Моддаи 11 Қонун «Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак» ном дошта, мутобиқи меъёрҳои он «Хатна» дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад. Ин меъёр дар қонуни пештара 20 рӯз муқаррар карда шуда буд.

 

Барои баргузор намудани «Тӯйи домодию арӯсӣ» бошад, ҳамагӣ ду маърака дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб пешбинӣ карда шудааст.

 

Ташкил ва гузаронидани тамоми дигар маъракаҳо, аз қабили фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ карда шудааст.

 

Агар қонуни қаблӣ  ба падару модарон ҳуқуқи додани маблағи зиёфат ё оши тӯйро барои беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон пешбинӣ карда бошад, ҳоло қонунгузор иловатан  меъёри навро муқаррар намудааст, ки мутобиқи он падару модарон метавонанд, ки маблағҳои барои маъракаҳои манъшуда масрафшавандаро барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, сарф намоянд.

 

Гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда шуда, ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.

 

Қонунгузор ба шахсоне, ки ба ҳаҷ ё умра мераванд, ба ҷойи маъракаҳои манъшуда анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро иҷозат додааст.

Маросими дафну азодориро моддаи 14 Қонун пешбинӣ кардааст ва тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат гирифта, маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй,  пурра манъ карда шудааст.

 

Ҷойи баргузории ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.

 

Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ бошад, аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ  аз  1  апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 баргузор карда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шуда, дар тамоми ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.

 

Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, маъмурияти тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо уҳдадор карда шудаанд, ки ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.

 

Зимнан муқаррароти моддаҳои 18 ва 19-и Қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро низ  уҳдадор намудааст, ки ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

 

Қонуни мазкур оростани зиёфатро ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ кардааст.

 

Ҳамзамон Қонун меъёри нав пешбинӣ кардааст, ки мутобиқи он сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.

 

Дар баробари ин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шудаанд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда шудаанд.

  

Дар муқаррароти хотимавӣ барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори дигари давлатӣ меъёри алоҳида пешбинӣ карда шудааст.

 

Яъне мутобиқи меъёри мазкур ҳангоми аз тарафи худи онҳо ё фарзандонашон риоя карда нашудани  талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, онҳо аз мансаб пурра озод карда мешаванд.

 

Дар иртибот ба ин дар Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ (м.481) ҷазо пурзӯр ва дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.3342) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонун бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

ИСТИҚЛОЛИЯТ - БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Айни ҳол дар саросари кишвар мардуми тоҷик дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

 

Дар робита ба ин, сокинони Ватан ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

 

Таърих нишон дод, ки халқи тоҷик мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар маҳсуб ёфта, ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии асри гузашта раҳоӣ ёфт.

 

Дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза таҳкиму тавсеаи чунин хислатҳои неки халқамон, бо ҳамин роҳ ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ барои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

 

Одатан мардуми шарафманди тоҷик хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҷони худро дареғ намедоранд.

 

Агар ба вазъи имрӯзаи дигар кишварҳои ҷаҳон назар афканем, ба ҷузъ аз ободиву осудагии кишвари худ дигар кишваре ба мисли Тоҷикистони соҳибистиқлол нахоҳем ёфт, ки ин сарзамини биҳиштосоро тӯли 33 сол шарафманд гардидем ва ифтихор бояд кунем.

 

Баракати Истиқлол аст, ки имрӯз мо дар тамоми манотиқи кишвар рӯзи ҷашну хурсандӣ дорем, дар ҳоле, ки баъзе кишварҳо оғуштаи хуну шаҳрвандонашон сарсону саргардонанд. Чунин рӯзҳои сангин бар сари мо ҳам омада буданд, хушбахтона бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде насиби мардуму кишварамон гашт, ки лаҷоми ҷангу хунрезиро сари вақт гирифта, бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд.

 

Зикри ин нуқта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.

 

Президенти кишвар ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро чунин зикр намуданд, ки: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд».

 

Мавсуф аз қадамҳои нахустин ҷоннисориҳои хешро даҳҳо маротиба исбот сохта, бо ҳамгироии мардуми кишвар ба бунёди давлати тоза шарафёб гашт. Аз ҷумла, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ ва бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратии кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид.

 

Мо мардуми тоҷик ҳамеша бояд аз Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор бошем, ки дар замони ноадолатӣ, нобаробарӣ синаи худро сипар намуда, ин неъмати бузургро ба мардуми тоҷик дода тавонистанд. 

 

Дар ин бобат шоири бузурги миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар байти худ дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз маҳалгароӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик таъкид намудааст:

 

 

 

Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,

 

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

 

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

 

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем.

 

То дигар бор нагӯем, амон аз ману ту! 

То ба такрор нагӯем, амон аз ману ту! 

 

 

 

Шоир бо ин ғазали шашмисрагӣ - «Таркиби амон аз ману ту» тамоми паҳлӯҳои харобиовари маҳалгароиро пеши назар меорад. Таъкид гардидааст, ки нишонаҳои маҳалгароӣ аз бефарҳангӣ, бегонапарастӣ, беҳунарӣ ва натиҷааш зиддият, қатлу ғорат, мӯҳтоҷӣ, сарсониву саргардонии халқ ва харобиву гирифтории мулк мебошад. Шоир ин мисраҳоро қайд намуда, ягона роҳи аз ин вартаи ҳалокат раҳондани халқу Ватанро дар оштиву аҳду паймони ҳамватанӣ медонад.  

 

Маҳз ҳамин чиз муяссар гашт, ки мо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, якдилу муттаҳид гашта, даст ба дасти ҳам ниҳода, он ҳама ҷабру зулмро тоқат намудем ва ба ин даврони исқиқлолият расидем.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурқимат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. 

 

Бешак, чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ), Сайидои Насафӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш ва Шамсуддин Шоҳин барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

 

Аз ин хотир, мо мардуми куҳанбунёди тоҷик, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. 

 

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳодаанд. Яъне бо гузашти ин давр мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. 

 

Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.

 

Тоҷикистонро шинохтани кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. 

 

Маврид ба зикр аст, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.

 

Феълан давлати мо бо як қатор кишварҳои ҷаҳон робитаи дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

 

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ соҳиби мақому манзалати хеле баланд гардида, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ саҳмгузор ва ба ҳайси ташаббускор барои рафъи хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд. 

 

Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем.

 

Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.

 

Дар замони истиқлолият халқи тоҷик дастовардҳои беназирро мушарраф гардидааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. 

 

Маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

 

Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

 

Дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

 

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2023 қисми даромади он ба 37 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 54 фоиз зиёд мебошад.

Ногуфта намонад, ки саҳми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2023 назаррас аст.

 

Аз ҷумла, мақомот фаъолиятро дар самти назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ амалӣ намуда, дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тафтишу санҷишҳо гузаронида, зарари молиявӣ ошкор намудааст.

 

Дар соли 2023 аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 251,2 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 94,2 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.

 

Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли 2024 Агентӣ 290,1 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 191,1 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо, инчунин 5,7 миллион сомонӣ ба дигар манбаъҳо рост меояд.

 

Дастовардҳои соҳаро агар номбар кунем, нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле зиёданд ва ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии кормандони Агентӣ ба даст омадаанд. 

 

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки тамоми кормандони мақомот бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, содиқ будан ба Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар саросари ҷумҳурӣ минбаъд низ талош варзида, вазифаи дар наздашон гузошташуда - назорати давлатии молиявӣ оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро амалӣ хоҳанд кард. 

 

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона гуфтан мумкин, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

 

Бо вуҷуди ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз макру ҳила ва найрангу фитнаҳои хиёнаткорони дохилию хориҷӣ ғофил намонад. Зеро оддитарин ғафлат метавонад боиси ба доми душманон афтидани афроде, алалхусус ҳамин насли наврас гардад.

 

Бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо ҷавонон гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, пеш аз ҳама, дар ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини хеш масъулияти бузург дорад ва моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳамеша кӯшишу талош намоем.

 

Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ ва Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.

 

Эътимоди комил аст, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик ба як кишвари нерӯманду пешрафта табдил медиҳад.

 

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуот Агентӣ.


 

Чоп намудан E-mail

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - МАРҲИЛАИ НАВ БАРОИ ТАШАККУЛУ ИНКИШОФИ КИШВАРИ МО

Ваҳдати миллӣ рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта, ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд. Дар ин фархундарӯз тоҷикон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих бархӯрда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расида, боз якдилу якмаром гаштанд ва ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашида, зери “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзои муборак гузоштанд.

           

Маҳз ба шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот таъмин гардид ва хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуда, имконият ба вуҷуд омад, ки мо ба бунёди давлатдории навини худ оғоз бахшем.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июни соли 1997 барои иштирок дар музокироти тоҷикон ба шаҳри Москва сафар намуда, дар вохӯрӣ масъалаи вобаста ба имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

 

27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо имзои Созишнома марҳилае шуруъ мешавад, ки созишҳои ҳосилшуда ба таври умумӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳам иҷро мешаванд, ки ин ба моҷарои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳоро ба зодгоҳашон бармегардонад, барои инкишофи ҷомеаи демократӣ, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар, ки аз моҷарои бисёрсола хароб шудааст, шароит фароҳам месозад.

 

Дар маросими имзои Созишнома Президенти Федератсияи Россия Б.Н.Елсин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар И.М.Примаков, вазирони корҳои хориҷии Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур доштанд.

 

Дар маҷмӯъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо дигар ҷониб 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

 

Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

 

Қобили зикр аст, ки мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии  кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

 

Маҳз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тавонист, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён  шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллатро пазируфта, мавриди амал қарор дод. Натиҷаи ҳамаи ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрӯз дар кишвари мо амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо дар авҷ аст.

 

Ҳамватанони азиз, бо ин ҷашни тақдирсоз - “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳар яки Шуморо табрику муборакбод гуфта, бароятон хонаободӣ, сулҳу субот, оромӣ ва барои Тоҷикистони азизамон пешравиҳои назаррасро орзумандем.

Чоп намудан E-mail

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»

           

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҷаҳони имрӯза пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва паҳншавии падидаҳои номатлуб ба монанди экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва созмонёбии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

 

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро ва созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Давлатҳои дунё кӯшиш кӯшиш ба харљ медињанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад, зеро ин ҷараёни хатарзо ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо замина мегузорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди љаҳонӣ иброз доштанд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».

 

Ин падида дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм андешидашуда, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳамасола дар ҷаҳон бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.

 

Маврид ба зикр аст, ки нахустин маротиба истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи як гурӯҳи муайяни одамон ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Эҳтимол аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии “таррор” гирифта бошанд. Бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд.

 

Маънои аслии экстремизм бошад - (аз калимаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

 

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

 

Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.

 

Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

 

Ифротгароӣ ва терроризм - яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти љањон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

 

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.

 

Аслан гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳолатҳои ногувор ва вазъи нохуби ин ё он давлатҳо истифода мекунанд ва бештар фаъол мегарданд. Махсусан, ифротиёни динӣ, ки аз дини мубини ислом сӯистифода карда, миёни аҳолии осоишта иғво меандозанд, аз ҷумлаи ҳамин гуруҳҳои ба ҷомеа зараррасон мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки амалҳои ифротгароӣ мардуми шарифи кишвари моро низ солҳои 1992 - 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркушӣ оварда, ба ватани мањбуби мо оқибатҳои вазнин ва хисоротҳои зиёде расонидааст.

 

Аз ин рӯ ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки аз оқибатњои нангини ин зуњурот бохабар буда, бар зидди терроризму ифротгароӣ муқоввимат намоянд.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавононро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб хоки аҷдодии кишвари азизамонро ҳифз намоянд ва барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо роҳу усулҳои самарабахш омода бошанд.

 

Дар тамоми вазъу ҳолат мо шањрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бошем.

Чоп намудан E-mail