Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
СУЛТОНЗОДА СУЛАЙМОН САИД
31 январи соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Аз июни соли 1998 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз январи соли 1999 – муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
Аз декабри соли 2004 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа;
Аз июли соли 2007 – муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз январи соли 2008 – муовини прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
Аз июни соли 2009 – муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз ноябри соли 2010 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз майи соли 2014 – прокурори ҳарбии гарнизони Суғд;
Аз феврали соли 2015 – сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 23 январи соли 2017 – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Генерал - лейтенанти адлия.
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд