Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

 

Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

 

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

 

Сарвари давлати мо, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

 

Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.

 

Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

 

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд самимона табрик намуданд.

Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Тайландро равобити судбахш ба ҳам мепайванданд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки мо дар якҷоягӣ ба муносибатҳои кишварҳоямон такони нав хоҳем бахшид.

Масоили тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва саноат  аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Содироти молу маҳсулоти мухталиф, аз қабили пахта, аллюминий, меваҳои хушк, маъданҳо ба Таиланд ва таҷҳизоти электронӣ, мошину мошинолот ба Тоҷикистон аз самтҳои дигари ҳамкории судманд номида шуд.

Ба таҳияи “харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ, ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ, ҷорӣ кардани низоми бераводид барои шаҳрвандон ва рушди равобити сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Паэтонгтарн Чинаватра даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки нишондиҳандаи баланди эътимод ва ҳусни бародарӣ миёни Тоҷикистону Қатар мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

“Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад” - таъкид доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.

Ҳар ду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд. Ҷалби сармоягузорони Қатар, аз ҷумла имконоти бо Фонди Қатар оид ба рушд ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо, аз ҷумла барои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон муҳим шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хӯрокворӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Омода намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаҳои хизматрасонӣ бо таъсиси Маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, баргузории Рӯзҳои фарҳанг аз мавзуъоти дигари мулоқот буд.

Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол гардидани гурӯҳи дӯстии парлумонӣ басо муҳим арзёбӣ шуд.

Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба мавзуъоти минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”

Волоҳазрат, муҳтарам Раиси иҷлосия,

Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама мехоҳам ба Волоҳазрат Амир, Ҳукумат ва мардуми Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё арзи сипос намоям.

Ташаббуси баргузории ин Нишаст таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ”, бо дарназардошти аҳамияти он ҳамчун платформаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, қобили қадрдонист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушду тавсеаи робитаҳои мустақими судманд бо кишварҳои минтақа дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудаанд, ҳавасманд мебошад.

Дар ин замина кишвари мо, аз ҷумла ба масоили рушди варзиш, ташаккули заминаҳои инфрасохтории он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавон дар ин рӯҳия таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Боиси зикр аст, ки моҳи майи соли равон бо иттифоқи оро қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид.

Бар асоси ин санад, ки дар заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия қабул карда шуд, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардида, ҳамасола дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд.

Мо бар ин боварем, ки кишварҳои минтақаи Осиёро, бо дарназардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои бойи худ, мебояд, то ба эҳёи  намудҳои гуногуни варзиши миллиашон, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. 

Тоҷикистон маҳз ба мақсади пайгирии ин ҳадаф моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, як намуди варзиши миллии мардуми тоҷикро баргузор намуд, ки дар он варзишгарон аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, мехоҳам ёдовар шавам, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ҷараён дорад.

Густариши иқдомот ва ибтикороти гуногунҷанбаи кишварҳои мо, бешубҳа, ба ғояи асосии Муколамаи ҳамкорӣ оид ба баланд бардоштани нуфузу эътибори Осиё дар арсаи байналмилалӣ тавассути муаррифии он ҳамчун минтақае, ки бартариятҳои худро баҳри мусоидат ба рушди глобалӣ истифода менамояд, созгор мебошад.

Дар ин радиф, кишвари мо “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмӯъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.

Аз ин рӯ, кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро зарур аст, то ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, омодааст, то дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё оид ба куҳнавардӣ, қаиқронӣ дар дарёҳо ва амсоли онҳо мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор созад.

Пешниҳод дорем, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ байни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои узви Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шаванд.

Ҳозирини муҳтарам,

Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба яке аз падидаҳои ташвишовари замони муосир – имконияти гаравидани ҷавонон ба терроризм ва ифротгароӣ ҷалб намоям.

Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз василаҳои гуногун бештар ин бахши ҷомеаро ба узвияти худ ва фаъолиятҳои тахрибкорона ҷалб мекунанд.

Ин зуҳуроти номатлуб барои амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ гардидааст.

Итминон дорам, ки рушди ҳамкориҳои мо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.

Кишварҳои моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаҳо ва абзорҳои мавҷуда барои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба вартаи терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ ҳамкориҳоро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Дӯстони гиромӣ,

Мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва баробариву ҳаёти осоишта дар паҳнои  Осиё яке аз ҳадафҳои асосии Муколамаи моро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, имрӯзҳо аз нав шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна ба мушоҳида мерасад, ки оқибатҳои фоҷеаборро ба бор меорад.

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ягона роҳи ҳалли ҳамагуна ихтилофот ва низоъҳоро танҳо дар роҳандозии музокирот ва истифодаи муассир аз воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад.   

Дар баробари ин, зарурати риояи қонунгузории байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, щамчунин иҷрои қарорҳои ин созмони ҷаҳониро ҷиҳати таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 таъкид мекунем.   

Аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват ба амал меорем, ки аз истифодаи воситаҳои зӯроварӣ худдорӣ карда, ҷиҳати эҳёи субот и амнияти пойдор дар Ховари Миёна иқдомҳои воқеии фавриро рӯйи кор бигиранд. 

Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки якҷо бо кишварҳои аъзо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои асосии Муколама минбаъд ҳам талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад.

Вобаста ба ин, масъалаҳои коҳиш додани сатҳи фақр, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамзамон вусъат бахшидан ба раванди ҳамкорӣ миёни кишварҳои қитъа дар маркази таваҷҷуҳи доимии кишвари мо қарор доранд. 

Дар хотима мехоҳам Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бо анҷоми муваффақи раёсат дар Муколамаи ҳамкории Осиё табрик бигӯям.

Ба Подшоҳии Таиланд дар иртибот ба қабули раёсат дар Муколама комёбӣ мехоҳам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Қатар баррасӣ гардид.

Ба ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ, ки чанд дафъа ба Тоҷикистон ташриф оварда ва ба кишвари мо муҳаббати зиёд доштааст, омодагии  худро ба сармоягузорӣ дар бахшҳои ояндадор иброз дошт. Аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷолибу судбахш номида шуд.

Чоп намудан E-mail

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.

 

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.

 

Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

 

Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.

 

Дар фароварди мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтарам Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Чоп намудан E-mail

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад.

Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Зикр гардид, ки дар конфронси қарибулвуқуъ дар Давлати Кувайт дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.

Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанӯз кофӣ нест.

Дар ин зимн таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшад.

Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи кишварҳо дар ин ҷода номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд.

Зимнан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.

Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.

 

Иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар шаҳри Ню-Йорк 23.09.2024

Чоп намудан E-mail