9-уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

Мусаллам аст, ки аз ибтидои таъсисёбӣ ба ҳар як давлат хатари забт шудан аз ҷониби дигар давлатҳои пурқувват ва парокандагӣ таҳдид мекунад. Аммо, таърих гувоҳи он аст, ки аксари давлатҳо аз ҷониби душмани дохилӣ хароб гардида, аз байн рафтаанд. То замоне инсоният арзи ҳастӣ дорад, хатарҳои дохилию беруна ҳамрадифи тамаддун ва фарҳанги ӯ буда, бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ хавфҳо низ ба таври ба худ хос тағйир ва ташаккул ёфтаанд.  

 

Яке аз чунин хатарҳое, ки дар ҳар давру замон монеаи рушди давлатҳо гардидааст, коррупсия маҳсуб меёбад. Мафҳуми «коррупсия» аз калимаи лотинии corruptio гирифта шуда, дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд.

 

Дар Рими қадим зиёда аз 40 намуди порахӯрӣ мавҷуд буд ва дар «маҷмӯи қонунҳои дувоздаҳ ҷадвал» истилоҳи «corrumpere» ба маънои «бо пул иваз кардани нишондод дар суд» ва «ба қозӣ ришва додан» истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд. Қонунҳои Рим дувуним ҳазор сол пеш навишта шуда буданд, вале худи зуҳуроти коррупсионӣ боз ҳам таърихи бештар дошта, аз таърихи мавҷудияти инсон сарчашма мегирад.

 

Тибқи маъхазҳои таърихӣ дар ибтидои башарият дар ҷамоаҳои ибтидоӣ масъалаҳои иқтисодӣ бе қурбонӣ ҳал намешуданд. Барои дар минтақаҳои қулай анҷом додани шикор, ҷамъоварии буттамева ё бо духтари зебо барпо намудани оила ба номзадҳо ба сардори қабила як пораи гӯшт ё садафи дурахшон ба сифати тӯҳфа пешниҳод мегардид.

 

Ба ақидаи муаррихону ҷомеашиносон, аввалин шахсе, ки дар сатҳи давлатдорӣ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза бурдааст, ин Урукагина, подшоҳи шумерҳои шаҳр-давлати Лагаш дар нимаи дуюми асри 24 пеш аз милод ба ҳисоб меравад. Новобаста аз он, ки шоҳи мазкур дар сатҳи болоӣ бо роҳи ҳукми қатл ва ё сӯзондан дар дохили чорпо (гов) бо коррупсия муборизаро ба таври қатъӣ ба роҳ монда бошад ҳам, вале дар сатҳи поёнӣ ҳануз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ падидаи муқаррарӣ буд.

 

Аввалин рисолаи таърихие, ки содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро маҳкум намудааст, ин Артха Шастра ба ҳисоб меравад.

 

Дар таърихи давлатдории форсу тоҷик низ мубориза бо ин падидаи номатлуб дар ба таври қатъӣ ба роҳ монда шуда, ҳатто дар аввалин санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ барои он муқаррар гардидааст.

 

Дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дориюши Кабир масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар қиёс ба мафҳуми фасоди молӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими он давр маҳсуб меёфт. Ин буд, ки дар Эъломияи Куруши Кабир ба масъалаҳои озодии фаъолият, дину мазҳаб ва интихоби маҳалли зист диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Дар замони ҳукмронии шоҳ Камбиз масъалаи мубориза бо коррупсия мавриди диққати махсуси шоҳ қарор гирифта, ҳато яке аз қозиҳо бо номи Сисамнесро, ки барои гирифтани пора ба даст афтода буд, пӯст канда, аз он курсӣ барои нишасти қозӣ месозанд. Сипас шоҳ писари Сисамнесро ба ҳайси қозӣ таъин намуда, ба болои курсие, ки аз пусти падараш сохта шудааст, мешишонад ва таъкид менамояд, ки ҳар замоне даст ба гирифтани пора мезанӣ дар хотир дор, ки дар куҷо нишастаӣ. Мисолҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ибтидои давлатдорӣ инсоният ҳатман бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ гардида, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ талош варзидааст.

 

Дар асрҳои миёна бо мураккаб гардидани механизми идоракунии давлатӣ мубориза бо фасодкорӣ яке аз мушкилоти асосие ба ҳисоб мерафт, ки ҳалли худро талаб мекард. Назорати нокифояи дастгоҳи идоракунӣ ва дур будан аз ҷазо барои авҷ гирифтани ҷиноятҳои коррупсионӣ хусусан дар байни аёну ашроф замина гузошта, дар натиҷа дар ҷамъият беназмию бе қонуниро ба бор овард.

 

Ин буд, ки ҳатто олимону мутафаккирони давр ба масъалаи мубориза бо коррупсия нуқтаи назари хешро иброз намуда, ин падидаи номатлубро ҳамчун фурухташавии виҷдону қадри инсоният баҳо додаанд.

 

Аз ҷумла ба ақидаи Николо Макиавели коррупсияро ба як беморие шабоҳат додан мумкин аст, ки дар аввал дарк намуданаш  душвор аст, аммо табобаташ осонтар аст. Агар беэътиноӣ карда шавад, шинохтан осон вале табобаташ душвор мегардад. Дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин чунин омадааст: «Ришват - он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гӯянд».

 

Марҳилаи нави таҳаввулоти коррупсия дар кишварҳои пешрафта дар асри бистум оғоз мешавад. Ба ин таҳаввулот пеш аз ҳама пурқувват ва мутамарказ шудани назорати давлатӣ ва бо рушди тиҷорати калон кушишҳои дахолат кардани он ба низоми сиёсии кимшварҳо таъсир расонд. Нуқтаи аз ҳама баланди рушди коррупсия ба пайдоиши давлатҳои мустаъқили нав дар нимаи дуюми асри бистум алоқаманд аст.

 

Дар замони муосир бо рушди иқтисоди бозаргонӣ ва муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ коррупсия хусусияти умумиҷаҳониро касб намуда, бо низоми боз ҳам мураккаб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири бниҳоят манфӣ расонид. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бо мақсади якҷоя намудани кушишҳо дар самти мубориза бо коррупсия як санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба роҳ монанд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар 51-ум ҷаласаи пленарии сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ, бо қатъномаи 58/4 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуд.

 

Зимнан 9-11 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика ин санади байналмилалии зиддикоррупсионӣ барои имзо кушода эълон гардид, он аз ҷониби зиёда аз 100 давлати дунё пазируфта шуд. Аз ин хотир 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» эълон гардида, аз соли 2004 инҷониб ҳамасола аз ҷониби давлатҳои дунё таҷлил карда мешавад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он соли 2008 баъди тасдиқ ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

 

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Алалхусус, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» соли 1999, инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳост, ки баҳри ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт замина гузошт.

 

Ҳамчунин, дар идомаи ин иқдомот бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба ин мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусию ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

 

Илова бар ин, дар кишвар баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия се маротиба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул гардида, дар доираи он тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб карда шуданд.

 

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010, №968 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки 57% аъзои онро намояндагони мақомоти давлатӣ ва 43%-ро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.

 

Ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ нисбати қарорҳои қабулкардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби намояндагони аҳли зиё, руҳониён, собиқадорони ҷангу меҳнат, соҳибкорон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудааст.

 

Комиссияҳои мазкур назорати ҷамъиятиро вобаста ба иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳо ва нақшаҳои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ба роҳ монда, ҳамкории устувору мунтазами мутақобилаи судмандро байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ амалӣ менамоянд.

 

Ҷиҳати пешбурди кори таҳлилӣ, пешгирӣ, сари вақт ошкор намудану тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015, №587 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуда, фаъолияти он бо маром идома дорад.

 

Гуфтаҳои боло шаҳодати он аст, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ тамоми чораҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

 

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам  хисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҳамкориро бо мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлати Фаластин инчунин якчанд созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монда, дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муваффақиятҳои зиёд ба даст овардааст.

 

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст танҳо фаъолияти як мақомот дар паст намудани шиддати коррупсия кифоя набуда, зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ бетараф набошанд. Яке аз роҳҳои асосии паст намудани шиддати коррупсия дар дилхоҳ давлату кишвар ҷаҳон маҳз ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила байни ниҳодҳои давлатӣ ва ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву мулоқотҳо, чорабиниҳои сиёсӣ доир ба ин падидаи номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

 

Дар воқеъ танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъона, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия мо метавонем шиддати ин падидани номатлубро дар мамлакат коҳиш дода, сазовори зиндагии арзанда гардем.

 

Пас биёед дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем!

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ ВА ОРЗУЮ ОМОЛИ МИЛЛАТ АСТ!

 Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ нишони муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

 

Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

 

Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.

 

Ҳанӯз аз давраҳои қадим Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

 

Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.

 

Тибқи ахбори муаррихон, «Дирафши Ковиён» солҳои дароз чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимии ориёиҳо - Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён буд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Парчами Куруши Кабир рамзи як давлати нерӯманди замона, ливои Коваи Бузург  бошад - нишонаи равшани  муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

 

Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон ёдовар шуд.

 

Ин анъана дар  давлатҳои баъдинаи тоҷикон, аз ҷумла - Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён низ идома дода шуда, ин давлатҳо парчамҳои  худро доштанд.

 

Даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

 

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ – бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора – лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.

 

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидем.

 

Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ эътироф гардидаанд, ки ин боиси ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Парчами давлатӣ дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон буда, ҳамчун дастоварди муқаддаси маънавии ҷомеа арҷгузори ба он нишонаи муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллӣ мебошад.

 

Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа  ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 2-уми ноябри соли 2009 пешниҳод карданд, ки рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон карда шавад. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани ҷавонон ва насли наврас аст.

 

Дар қалби ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат мебошад.

 

Аз ин лиҳоз,  ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами миллӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии мардум, бахусус тарбияи насли наврас соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт.

 

Ин иншооти бузург дар арафаи  20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.

 

Таҳти  ин Парчам миллати тоҷик лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихиро сарбаландона паси сар карда, истиқлолияти миллӣ, забону фарҳанг  ва марзу буми аҷдодиашро ҳимоя намудааст.

 

Ҳар як фарде, ки имрӯз ба Парчам ва Нишони давлатӣ назар мекунад, хуб эҳсос менамояд, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллии мардуми соҳибфарҳанги мо - тоҷикон  буда, мақсаду мароми неки ин халқи куҳанбунёдро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамоянд.

 

Парчами давлатӣ барои мо - нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ҳимояи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

 

Моро мебояд, ки бо Парчами миллии худ ифтихори зиёде дошта бошем, эътибори онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, сармояи гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони  худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди Ватан барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату давлат будан, бояд ҳамеша талош намояд.

 

Имрӯз Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоле бо номи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

 

Мардуми шарафманди Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - сивупанҷсолагии Истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.

 

Дар фароварди гуфтаҳои боло, умедвор ҳастем, ки Парчами миллӣ - рамзи давлати соҳибистиқлоли мо, ҷоннисориҳои халқи мо барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номус ва таҷассумгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад!

 

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шаҳрвандони азизи кишвари биҳиштосоямонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзумандем, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафманди тоҷик ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР

Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.

 

Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои миллат - Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои истиқлолият ва рушди давлат ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст.

 

Дар маҷмӯъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои ваҳдат ифода мекунад. Ин рӯзест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва некбинӣ нисбат ба ояндаи Тоҷикистон мебошад.

 

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

 

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд.

 

Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин - Асосгузори сулҳу ваҳдати     миллӣ - Пешвои миллатро додааст.

 

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд.

 

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 

Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

 

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 

Мо бо Пешвои миллат ифтихор менамоем. Пешвои миллат ҳомии ҷавонон ва такягоҳи миллати тоҷдори тоҷик аст.

 

Дар умум, рушди стратегии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, ки ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ нигаронида шудааст, қобилияти пайдо кардани мувозинати байни муносибатҳои дохиливу хориҷиро дорад. Ҳамаи ин ба ояндаи муваффақи кишвар таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеди мардумро  боз ҳам тақвият мебахшад.

 

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод намуда, ба Шумо саодати рӯзгор ва барои Тоҷикистони соҳибистиқлол озодию ободии абадӣ ва ба Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати ҷовидониро таманно мекунем.

 

Чоп намудан E-mail

30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

6 ноябри соли 1994  бо ташаббуси бевоситаи поягузор ва эъмори воқеии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо ин санади тақдирсоз ба ҷаҳониён эълон гардид, ки Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор шуморида, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро таъмин намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас дониста, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ шуморидааст.

 

Имсол мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн дар қатори дигар ҷашнҳо ба монанди, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои миллат ва давлатамон, азизу муқаддас мебошад. Зеро, Конститутсия дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлатамонро муайян менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чаҳор қисмати давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин кафолати он, бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун, масъулияти тарафайни давлату шахс, низоми таҷзия ва ба ҳам таъсиррасонии шохаи ҳокимияти давлатиро (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) эътироф ва меъёран мустаҳкам кардааст.

 

Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, ҷиҳати эътирофи он дар муносибатҳои байналмилалӣ мавҷуд будани Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ нақши муҳим дошта, муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар он муҳимияти хосса дорад.

 

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррас буда, ташкил ва гузаронидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт.

 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз доштанд, ки «асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

 

Аз ин рӯ, асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ эътироф кардани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеӣ дорад.

 

Мо бешубҳа гуфта метавонем, ки дар давоми 30 сол ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки таъмини ҳаёти осудаву ороми халқ, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, ноил гаштан ба созиши миллӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, мӯътадил фаъолият намудани сохторҳои давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва дигарҳо маҳсуб меёбанд, таъмин гардида истодааст.

 

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишонаҳои давлат ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ муқаррар карда шуд.

 

Имрӯз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна мешиносаду эътироф менамояд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии тамоми халқи шарафманди тоҷик мебошад.

 

Айни ҳол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дурнамои пешрафти халқу давлати Тоҷикистон хизмат намуда, яке аз вазифаҳои асосии он таъмини пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди ҷомеи адолатпарвар мебошад.

 

«Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард», таъкид кардаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сиёсати пешгирифтаи байналмилалӣ дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хориҷии хешро ба воситаи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ муайян намудааст. Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсонро Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас шуморида, риоя ва ҳифзи онро дар қаламрави хеш таъмин мекунад. Баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии тамоми халқу мамлакатҳоро эътироф менамояд.

 

Зарурати таҷассуми принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ аз ҷониби зиёда аз 137 давлати ҷаҳон эътироф шудааст.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи худ ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

 

Меъёрҳои инсондӯстонаи Конститутсияи навин, сиёсати пешгирифтаи сулҳҷӯёна ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ асос гардид, ки халқу давлати тоҷик ҳамчун мардуми сулҳпарвару фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад.

 

Таҳкурсии асосии ҳар як конститутсияро андешаи миллӣ ва майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ва моҳияти ҳокимият ташкил медиҳад, ки ин ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.

 

Озодии интихоб ва раъйи ягонаи мардуми кишварамон имрӯз бо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ асоси мустаҳкам гузоштааст.

 

Ҳадафи асосиву ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзу кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як фард ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

 

Айни замон ин меъёрҳо баёнгари моҳият ва мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

 

Қайд кардан зарур аст, ки эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хосае дорад. Дар давоми ин солҳо халқи бузурги Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонидааст.

 

Маврид ба зикр аст, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ сарчашма гирифта, онҳо барои пешрафт ва рушди давлати муосири тоҷикон мусоидат менамоянд.

 

Ҳамзамон, дар асоси принсипҳо, меъёрҳо, механизмҳо ва муқаррароти Конститутсия рушд ёфтани давлатдории навини тоҷикон бақои миллат ва кафолати пойдории давлатамон мебошад. Чунки шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мову Шумо баҳри ободии он дониста мешавад.

 

Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.

 

Инчунин, мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқаддасу ҷонии худро дар ҳифзу эҳтиром ва назорати риояи бечунучарои меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол мебинем.

 

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо, ҳамаи Шуморо бо муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва бахтномаи миллат мебошад, табрик намуда, ба якояки Шумо осоиштагӣ, осмони софу беғубор ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ободии ҷовидонаро таманно дорем!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ЗАМИНАИ АСОСИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

Воқеан аз қадимулайём то ба имрӯз забон муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи аслии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо маҳсуб ёфта, то он замоне, ки ҷомеаи инсонӣ арзи вуҷуд дорад, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

 

Олимони соҳа забонро хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як миллат медонанд ва онро ба нерӯе нисбат медиҳанд, ки қутрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечутоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат мебошанд, ба намоиш мегузорад.

 

Забони миллии мо низ ба ҳайси як забони бостонӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пуршебу фарозро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст.

 

Чунки решаҳои он ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

 

Таърих собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанги миллӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва ба доираи забонҳои фарҳангии ҷаҳон шомил мебошад.

 

Ҳарчанд миллати тоҷик дар давраи ҳазорсолаи баъди Сомониёни бузург давлат надошт, вале дар тӯли ин асрҳо дар тамоми минтақаи Шарқ забони расмии дарбору давлатдорӣ, муоширати байни халқҳои гуногун ва забони байналмилалӣ забони модарии мо - забони ноби тоҷикӣ буд.

 

Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки ҳамин забон ҳастии миллати моро наҷот дод, аз нав эҳё кард ва миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Зеро забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он ба кадом миллат мансуб будани инсон муайян карда мешавад ва то ҳол илм ҳанӯз аз ин тарзи бештар, беҳтару хубтар ва далели муътамади дигарро барои муайянкунии мансубияти шахс ба ин ва ё он миллат, собит накардааст.

 

Ҳоло имрӯз низ, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ забони тоҷикӣ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳамрадиф будани мафҳумҳои забону давлат ва қадршиносии азамату бебаҳоии забони миллӣ нахустин Қонуни забонро, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, «Оғози истиқлоли фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуданд.

 

Бо чунин мафкураи камназир ва муҳаббати самимие, ки нисбат ба забони модарӣ доштанд, аз рӯзҳои аввали давлатдории навин, ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ-сиёсати забонӣ ва беҳбуди вазъи онро дар ҷомеа, дар марказу меҳвари сиёсати хеш қарор дода, дар таҳкиму ташаккули минбаъдаи он ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуданд.

 

Аз ҷумла, дар аснои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 2 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  забони давлатӣ эътироф кардани забони тоҷикӣ меъёри алоҳида ворид карда шуд ва ин ташаббус ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард, то ки арзишҳои миллию фарҳангии ин миллати куҳанбунёд эмин нигоҳ дошта шавад.

 

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ, фарҳангию маънавӣ баҳри рушду нумӯ ва ривоҷу равнақи забони тоҷикӣ соли 2008-ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон карданд. 

 

Бояд тазаккур дод, ки қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои Қонуни забоне, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, бо ибтикори ҳамин фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло он заминаи ҳуқуқӣ барои бартарии истифодаи забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Баъди қабули Қонуни мазкур барои татбиқи босамари он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 октябри соли 2009 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд.

 

Минбаъд бо дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 «санаи 5 октябр» ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд. 

 

Ҳоло 13 сол аст, ки мардуми сарбаланду хуштолеи тоҷик, бахусус аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ рӯзи «5 октябр»-ро ҳамасола бо як ифтихор ва эҳтироми хоса ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегиранд ва забони тоҷикиро, дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ, ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ, нигаҳдорандаи таъриху арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ ҷовидона муқаддас медоранд. 

 

Дар ҳақиқат қудрати забон - қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушду тараққиёти ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазосолаҳо ба ҳисоб рафта, мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бе собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пештар аз ҳама, бидуни пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надорад.

 

Яқинан мояи ифтихору сарбаландии мост, ки имрӯз шахсан Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ҳомии забони миллӣ ҳастанд ва ба он амсоли рукни асосии бинои ҳастии миллат, устувориву будубоши давлат, таҳкурсии асосии ҳувияти миллӣ, омили аслии ҳифзи кулли дастоварду тамаддунҳо ва фарҳанги  беназири ниёгон арҷ мегузоранд, ки ин хислати ҳамидаи ватанпарастию ватандӯстӣ сазовору арзандаи пайравист.

 

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо таърихи пурифтихори забони миллӣ ошно намудани мардум, ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон расонидани саргузашту тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маънавӣ дорад.

 

Дар ин раванд, ҷиҳати шинохти забон, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба он,  тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи руҳияи ватанпарастӣ, зикри боз як ташаббуси комилан судманди Пешвои миллат, ки дар эҷоди асари безаволи «Забони миллат-ҳастии миллат» ифода меёбад, аз аҳамият холӣ нест.

 

Дар воқеъ, агар бузургони пешин, ба монанди устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ѓафуров ба забон ва таъриху адабиёти пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар паёмади эшон Президенти мамлакат бо таълифи ин асари мондагор ба Модар - Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар - сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт дар ҳадди шоиставу сазовор аҷргузорӣ намуданд. 

 

Бешубҳа таълиф ва нашри ин асари пурарзиш барои миллати тоҷик бузургтарин рӯйдоди фарҳангию маърифатӣ ба ҳисоб рафта, албатта барои наслҳои имрӯзу фардо ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатии миллат ва рушди тафаккуру шуури миллии аҳли ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

 

Воқеан мо ворисони ин забонро боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

 

Аз ин боис, моро зарур аст, ки мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем, барои устувор гардонидани забони давлатиамон пайваста талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш ба харҷ диҳем. 

 

 Бо омӯзиши гузаштаву имрӯза бо ҳисси баланди ифтихор аз давлату миллат  бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ин муқаддасотро ҳамеша поку беолоиш аз омехтагӣ бо бегонагиҳо ҳифз намоем ва ба наслҳои ояндаи худ ин эҳсосу эҳтиромро нисбат ба забони давлатии худ омӯзонем ва бештар аз ҳама, ҷиҳати амнияти миллат, якпорчагӣ, побарҷогӣ, ваҳдати миллӣ, ободу зебогардонии ҳамешагии Ватан, ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ба ҳамин монанд хислатҳои ҳамида ва ихлосу эътиқоди ватандориро дар қалби онҳо ҷой диҳем.

 

Аз мадди назарамон набояд дур монад, ки  гузаштагони мо ин забонро ҳамчун падидаи миллӣ  аз давраҳои қадим ҳифз карда, онро ба мо мерос гузоштаанд ва мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои ояндаамон бо ҳамин покиву шевоӣ ба мерос гузорем.

 

Дар фаровард бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, ҳамаи Шумо - шаҳрвандони азизро ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, бароятон саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва рӯзгори осударо  орзу менамоям.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

          

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Footer