Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тафовути он аз Қонуни қаблӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти соли 2024 зимни вохурӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат андешаҳои ҷолиби диққат ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон ниҳоят заруриро баён доштанд.
Дар ҳамин вохӯрӣ, баъди таҳлилҳои асосноку дақиқ ба масъулин дастур доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаҳои андӯхта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.
Маҳз дар асоси ҳимин дастури Сарвари давлат ҷиҳати таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангӣ, арзишҳои мардумӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва дар маҷмӯъ бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ санаи 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид ва аз 22 июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор дорад.
Қобили тазаккур аст, ки Қонуни мазкур аз ҷиҳати мавзӯи танзим, сохтори дохилӣ ва таҷдиди меъёр аз қонуни қаблӣ тафовути куллӣ дошта, аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, нисбат ба Қонуни қаблӣ 1 боб ва 6 моддаи нав илова карда шудааст.
Бо назардошти он ки мафҳумҳои «анъана» ва «маросим» як маъноро ифода мекунанд, қонунгузор онҳоро дар доираи як мафҳум, яъне «маросим» ифода карда, калимаи «анъана»-ро аз матни Қонун хориҷ кардааст.
Дар Қонун ду мафҳум шарҳ дода шудааст, яъне мафҳумҳои «маросим» ва «ҷашн»:
1) «маросим» - ин маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;
2) «ҷашн» - ин таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.
Тафсири ҳар як қонун шарҳу тавзеҳи васеъро тақозо мекунад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва роҳ надодан ба вайронкунии талаботи он ҳадди ақал тағйиротҳоеро, ки барои мо муҳимманд ва дар қиёси қонунҳои қаблӣ ворид гардидаанд, бояд донем.
Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур ҷашнҳои расмӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, эътироф гардидаанд.
Тағйироти ҷиддие, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ карда шудааст, аз он иборат мебошад, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон бояд дастархони камхарҷи идона ороста шавад ва дар ин ҷашнҳо исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст.
Моддаи 11 Қонун «Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак» ном дошта, мутобиқи меъёрҳои он «Хатна» дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад. Ин меъёр дар қонуни пештара 20 рӯз муқаррар карда шуда буд.
Барои баргузор намудани «Тӯйи домодию арӯсӣ» бошад, ҳамагӣ ду маърака дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб пешбинӣ карда шудааст.
Ташкил ва гузаронидани тамоми дигар маъракаҳо, аз қабили фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ карда шудааст.
Агар қонуни қаблӣ ба падару модарон ҳуқуқи додани маблағи зиёфат ё оши тӯйро барои беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон пешбинӣ карда бошад, ҳоло қонунгузор иловатан меъёри навро муқаррар намудааст, ки мутобиқи он падару модарон метавонанд, ки маблағҳои барои маъракаҳои манъшуда масрафшавандаро барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, сарф намоянд.
Гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда шуда, ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
Қонунгузор ба шахсоне, ки ба ҳаҷ ё умра мераванд, ба ҷойи маъракаҳои манъшуда анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро иҷозат додааст.
Маросими дафну азодориро моддаи 14 Қонун пешбинӣ кардааст ва тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат гирифта, маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, пурра манъ карда шудааст.
Ҷойи баргузории ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.
Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ бошад, аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 баргузор карда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шуда, дар тамоми ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.
Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, маъмурияти тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо уҳдадор карда шудаанд, ки ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
Зимнан муқаррароти моддаҳои 18 ва 19-и Қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро низ уҳдадор намудааст, ки ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
Қонуни мазкур оростани зиёфатро ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ кардааст.
Ҳамзамон Қонун меъёри нав пешбинӣ кардааст, ки мутобиқи он сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.
Дар баробари ин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шудаанд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда шудаанд.
Дар муқаррароти хотимавӣ барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори дигари давлатӣ меъёри алоҳида пешбинӣ карда шудааст.
Яъне мутобиқи меъёри мазкур ҳангоми аз тарафи худи онҳо ё фарзандонашон риоя карда нашудани талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, онҳо аз мансаб пурра озод карда мешаванд.
Дар иртибот ба ин дар Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ (м.481) ҷазо пурзӯр ва дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.3342) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонун бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ