ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ ВА ОРЗУЮ ОМОЛИ МИЛЛАТ АСТ!
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ нишони муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Ҳанӯз аз давраҳои қадим Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.
Тибқи ахбори муаррихон, «Дирафши Ковиён» солҳои дароз чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимии ориёиҳо - Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Парчами Куруши Кабир рамзи як давлати нерӯманди замона, ливои Коваи Бузург бошад - нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон ёдовар шуд.
Ин анъана дар давлатҳои баъдинаи тоҷикон, аз ҷумла - Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён низ идома дода шуда, ин давлатҳо парчамҳои худро доштанд.
Даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ – бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора – лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидем.
Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ эътироф гардидаанд, ки ин боиси ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Парчами давлатӣ дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон буда, ҳамчун дастоварди муқаддаси маънавии ҷомеа арҷгузори ба он нишонаи муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллӣ мебошад.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 2-уми ноябри соли 2009 пешниҳод карданд, ки рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон карда шавад. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани ҷавонон ва насли наврас аст.
Дар қалби ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами миллӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии мардум, бахусус тарбияи насли наврас соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт.
Ин иншооти бузург дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.
Таҳти ин Парчам миллати тоҷик лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихиро сарбаландона паси сар карда, истиқлолияти миллӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиашро ҳимоя намудааст.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба Парчам ва Нишони давлатӣ назар мекунад, хуб эҳсос менамояд, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллии мардуми соҳибфарҳанги мо - тоҷикон буда, мақсаду мароми неки ин халқи куҳанбунёдро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамоянд.
Парчами давлатӣ барои мо - нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ҳимояи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Моро мебояд, ки бо Парчами миллии худ ифтихори зиёде дошта бошем, эътибори онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, сармояи гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди Ватан барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату давлат будан, бояд ҳамеша талош намояд.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - сивупанҷсолагии Истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.
Дар фароварди гуфтаҳои боло, умедвор ҳастем, ки Парчами миллӣ - рамзи давлати соҳибистиқлоли мо, ҷоннисориҳои халқи мо барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номус ва таҷассумгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад!
Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шаҳрвандони азизи кишвари биҳиштосоямонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзумандем, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафманди тоҷик ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.
Маркази матбуоти Агентӣ.