Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Аз дидани гулҳои рангоранг ва буттаю дарахтони ороишию сояафкани кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу хуррами Душанбе, ки табъи кас болида мегардад, хеле хушҳол шудам. Чунин иброз дошт 10 октябр андешаҳояшро дар оғози мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
«Ман соли 2022 ба шаҳри Душанбе омада будам. Имрӯз дубора ба ин ҷо омада, шоҳиди он гардидам, ки Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ман имрӯз аз ин дигаргуниҳои пойтахти Тоҷикистон, хусусан меҳмоннавозии гарму самимии мардуми тоҷик хеле шод шудам», — гуфт Валентина Матвиенко.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия изҳор дошт, ки дар муддати кӯтоҳ Душанбе симояшро куллан дигар кардаву бо суръат рушд намудааст, ки мояи ифтихории халқи тоҷик мебошад.
Валентина Матвиенко ҳамзамон иброз дошт, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ мебошанд ва дар Русия ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имрӯз байни ҳарду давлат ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.