Баргузории вохӯрӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 санаи 15 октябри соли 2024 дар бинои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» вохӯрӣ анҷом дод.
 
Дар чорабинӣ омӯзгорон, кормандон ва донишҷуёни Коллеҷи мазкур иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба коррупсия ва нақши ҷавонон дар муқовимат бо ин падидаи манфур иброз намуданд.
 
Қайд гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблаѓҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ пайваста таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.
 
Аз иштирокчиёни даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
 
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail