Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон  03.06.2022

Нимаи дуюми рӯзи 3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.

Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Руйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику узбекро амалӣ месозад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон   03.06.2022

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива - “Ичан - Қалъа” боздид ба амал оварданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Узбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.

Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он “Ичан - қалъа” то замони мо бегазанд боқӣ мондааст.

Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон

Боздид аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон   03.06.2022

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” боздид намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъиятидорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” аз соли 1977 таъсис ёфтааст. Корхона тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” калонтарин корхонаи саноатии Узбекистон буда, қолинҳои гуногун ва калоба истеҳсол мекунад ва соли 1977 таъсис дода шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Корхонаи муштараки узбекистонию хитоии “UzXCMG” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

Боздид аз Корхонаи муштараки узбекистонию хитоии “UzXCMG” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон   03.06.2022

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи муштараки узбекистонию хитоии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштарак соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар ин ҷо асосан банду басти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёду ба кор андохтани корхона аз Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ - “XCMG” ба маблағи 4,3 миллион доллар хати васлкунӣ ва таҷҳизот ворид гардид.

Дар корхонаи муштарак истеҳсоли зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон  03.06.2022

 

3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон идома ёфт.

Дар рӯзи дуюми сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Урганҷ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози узбек самимона истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Парки техникии Узбекистон

Боздид аз Парки техникии Узбекистон   02.06.2022

2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бунёд шуда, дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рузғор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Айни ҳол дар Парки техникии Тошканд наздики 5 ҳазор нафар кору фаъолият доранд.

Зимни боздид аз парки техникӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва кишоварзии корхонаҳои саноатии Узбекистон шинос шуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти дар корхонаҳои технопарк истеҳсолшаванда, аз ҷумла асбобҳои рӯзғор, ҳисобкунакҳои электронии газ, лифт, насосҳои обкаш, кондитсионерҳои саноатӣ, таҷҳизоти яхдон ва мошинҳои ҷомашуӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 24 корхонаи саноатии 14 шаҳру ноҳияи Узбекистон ба маъраз гузошта шуда буд.

Сарони давлатҳо баъди шиносоӣ бо фаъолияти парки техникӣ ба раҳбарони соҳаҳо барои ҳамкории зичу пурсамар ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дастур доданд.

Чоп намудан E-mail

Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Узбекистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон   02.06.2022

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба бародари азизам муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъвати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон самимона ташаккур гӯям.

Мулоқоти навбатии мо дар рӯҳияи созандагӣ ва боварии тарафайн гузашт, ки хоси муносибатҳои  ду халқи бародар мебошад.

Мо аҳаммияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳама сатҳҳо муҳим шумурдем.

Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистон ва Узбекистон баҳои баланд медиҳанд.

Моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ва Узбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон   02.06.2022

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон” имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

-“Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023;

-Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон;

- Харитаи роҳ оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон;

Дар маҷмӯъ дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нав Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2022 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни форум баъди муаррифии имкониятҳои сармоягузорию тиҷаоратии Тоҷикистон байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ба хотири таҳкиму тавсеи ҳамкориҳо ва дарёфти шарикони нав мулоқоту вохуриҳо доир шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти кори Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар маҷмуъ 75 санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Маблағи созишномаҳои имзошуда дар маҷмуъ 570 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкории минбаъдаи соҳисбкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминии аввалия ба Узбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.

Дар форум инчунин ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи умумии 258 миллион доллари америкоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо дарназардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ татбиқ карда мешаванд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ