Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла 23.04.2024

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Президенти Италия “Квиринал” баргузор шуд.

Меҳмони олимақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни Қасри “Квиринал” Президенти Ҷумҳурии Италия самимона истиқбол гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Италия дар болои қолин қарор гирифтанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод.

Дар ин маврид дар болои боми Қасри “Квиринал” парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.

Пас аз анҷоми сурудҳои миллии ду кишвар Фармондеҳи Қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр гузориш дод.

Зимни ҳаракати роҳбарони ду давлат аз назди қаровули фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди парчами Ҷумҳурии Италия таваққуф карда, арзи эҳтиром намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо шиносии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб поён ёфт.

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Италия дар Қасри “Квиринал” дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

“Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем”, - таъкид доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмӯи масоили ҳамкории байни ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд.

Баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ғании Италия, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноку барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Шӯрои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар бахши хусусӣ иқдоми саривақтӣ хоҳад буд.

Дар рафти мулоқот масоили дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рафтуомади шаҳрвандон ва таъсиси хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ гардид.

Дар ин ҷода роҳбарони 2 давлат Созишнома дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро, ки дар доираи сафар  ба имзо мерасад, иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба рушди бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия табодули афкор намуданд.

Зикр карда шуд, ки парлумонҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Парлумони Аврупо ҳамкории судманд доранд ва барои ҷоннок кардани он таъсиси гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Италия амри зарурӣ аст.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили СММ, САҲА ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.

Дар рафти мулоқот ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ карданд.

Дар фароварди мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Италия даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия 22.04.2024

22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Фюмичино ба номи Леонардо да Винчӣ меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан истиқбол гирифтанд.

 

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид. 

Чоп намудан E-mail

Тамошои пойгаҳи аспдавонӣ дар Қатар

Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар   17.02.2024

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд.

Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.

Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар   17.02.2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид,

масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатарро ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.

Амири Давлати Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.

Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд.

Дар ин зимн атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Давалати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.

Сарони ду давлати дӯст ҳамчунин доир ба як қатор мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб табодули андеша карданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар  17.02.2024

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад ибн Аҳмад Оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ

Мулоқот бо Раиси бахши сармоягузорӣ Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои бузург мавҷуд ҳастанд. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд.

Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, муҳокима карда шуд.

Бо дарназардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон, сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боманфиат арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” таъсис дода шавад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мазкурро барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди иқтисоди “сабз” “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023 - 2037” -ро қабул намудааст.

Дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли нерӯи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омухта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо саҳми босазо гузоранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуоти  мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад.

Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика, пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” зарур шумурда шуд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ