Боздид аз Масҷиди марказии шаҳри Остона

Боздид аз Масҷиди марказии шаҳри Остона   26.08.2023

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.  

Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.

Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.

Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон  25.08.2023

25 август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.

Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент, изҳори сипос намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин чорабиниҳо, ки дар 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат мегиранд, боз як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, гардиши мол миёни ду кишвар, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати мо қайд карданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд.

Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчуби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзӯи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  25.08.2023

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона - пойтахти ин кишвар ворид шуданд.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев  19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв мулоқот карданд.

 

Дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду кишварро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карданд.

 

Таъкид гардид, ки иштироки ду кишвар дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад бар нафъи давлатҳо хизмат расонад.

 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот карданд.

 

Дар рафти суҳбат маҷмӯи масоили шарикии стратегии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон маънидод карданд.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

 

Дар ин робита ҷонибҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баррасии дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

 

Сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ   18.07.2023

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.

 

Дар назар аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ мекунанд.

 

Дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо  02.06.2023

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла  вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт,  логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”

Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”   19.05.2023

19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит бо истиқболи самимии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказиро” бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ифтитоҳ карданд.

Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод карданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкор ии кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.

Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.

Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст.

Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.

Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.

Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.

Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед.

Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ”  Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.

Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.

Оид ба натиҷаҳои кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

Бо ҳамин кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ба охир расид.

Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ