.
СУЛТОНЗОДА СУЛАЙМОН САИД
31 январи соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Аз июни соли 1998 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз январи соли 1999 – муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
Аз декабри соли 2004 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа;
Маълумоти бештар
.

САФАРЗОДА СУҲРОБ
6 майи соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Маълумот – Олии ҳуқуқшиносӣ.
Аз апрели соли 2004 то соли 2018 – дар вазифаҳои гуногуни мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ёрдамчии ҷамъиятии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб, прокурори ҳарбии шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурор – криминалисти шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори калони ҳарбӣ – криминалисти шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус, сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолият намудааст.
Маълумоти бештар
.
АҲМАДЗОДА МУЗАФФАР РАҶАБ
13 июни соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – Тоҷик.
соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.
соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм намудааст.
соли 2008 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
соли 2018 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Солҳои 1989 - 1996 - Аспирант, Корманди хурди илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1996 – 2006 - Корманд дар вазифаҳои гуногуни Саридораи полиси андози ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумоти бештар
.
ТАЛБАКЗОДА СУЛАЙМОН ТАЛБАК
23 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат –тоҷик
Маълумот - Олии бухгалтерӣ ва аудит, муҳандиси сохтмони биноҳои саноатию шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ
Солҳои 2003-2006 - Мутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Маълумоти бештар