Иштирок дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Иштирок дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  22.03.2023

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон - ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.

Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”

Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”  22.03.2023

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.

Иштирокчиён  саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва  тағйир додани муносибат  ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст.

Таъкид карда шуд, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо  нақши назаррас  доранд ва тавассути он дар  соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор  ҷойи корӣ таъсис дода шуда,   ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор  офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табии марбут ба об иртибот дорад.Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон балки хоси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои ру ба рушд мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши  22.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумро ҳамчун ниҳоди муҳимми Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, барои ҷонибдории амиқ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим изҳори сипос намуданд.

Ташкили ҳамоиши таърихии Конфронси об, ки дар асоси қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуда буд намунаи барҷастаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бархӯрдҳои геосиёсӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим буда, пайваста барои ташвиқу таблиғи мудирияти дуруст ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва пешбурди Ҳадафи шашуми рушди устувор - “Оби тоза ва беҳдошт” мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҳамин замина, Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли 2028 баргузор намудани конфронси навбатии СММ вобаста ба об дар шаҳри Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳи Конференсияи СММ – ОБ 2023 пешниҳод карда шуд, таъкид намуд.

Сарвари Тоҷикистон ба Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, барои дар раванди он қабул гардидани қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз руи ташаббуси Тоҷикистон, миннатдории худро иброз намуданд.

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”   22.03.2023

Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулл,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал,
Ҳозирини гиромӣ,

Шуморо дар ин ҳамоиши муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, сипоси амиқи худро ҷиҳати иштироки фаъолатон дар раванди омодагии он иброз менамоям.

Басо рамзист, ки ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Ҳамаи шуморо ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.

Бо ибтикори ҷониби мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор гузоштанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”   22.03.2023

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс, Подшоҳи Нидерланд, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ботсвана, Боливия, Ироқ, Словения, Либерия, Раиси Шурои Босния ва Ҳерсеговина, Тувалу, Намибия, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, инчунин роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ бо шумули Президенти Бонки ҷаҳонӣ,  иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси мазкур ҳамоиши таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дуввум доир мегардад.

Шоистаи тазаккур ва боиси ифтихор аст, ки Конфронси таърихиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода карда, онро мизбонӣ менамоянд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад”

Иштирок дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад”   22.03.2023

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин, Подшоҳи Нидерланд, Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, инчунин роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.

Намояндаи Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  Лотта Таҳтинен чорабиниро оғоз карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраиси Конфронси оби СММ, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳаммияти дучанд касб кардааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр

Мулоқот бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр   22.03.2023

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр мулоқот карданд.

Дар рафти вохурӣ дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд ва масъалаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамӯҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, ки бо ҳамраисии ду кишвар доир мегардад, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот дар рӯзҳои оғози ҷашни байналмилалии Наврӯз ва аз шарикии ду кишвар дар конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид изҳори қанотмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мавқеи кишварҳо дар ҳалли мушкилоти глобалии об, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо ва пешгирию бартарафсозии офатҳои табиии марбут ба об, табодули андеша карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар чорабинии “Об ва Наврӯз - ду сарчашмаи ҳаёти башар” дар доираи Конфронси оби СММ -2023 ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ

Иштирок дар чорабинии “Об ва Наврӯз - ду сарчашмаи ҳаёти башар” дар доираи Конфронси оби СММ -2023 ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ   22.03.2023

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар чорабинии “Об ва Наврӯз - ду сарчашмаи ҳаёти башар” иштирок карданд.

Ба муносибати баргузории конференсияи таърихии СММ-ОБ 2023 дар даромадгоҳи бинои асосии қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ташкил карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр ба макони баргузории намоишгоҳи марбут ба об ташриф оварда, онро расман ифтитоҳ намуданд.

Намоишгоҳ ба таври рамзӣ ҳамчун гузаргоҳ - нақби пушида ташкил гардида, ба пуррагӣ мавзуи об ва ободиро таҷассум менамуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ