ОШКОРИ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБИИ РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ
Баргузории Конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф - омили муҳими муқовимат ба коррупсия» дар шаҳри Турсунзода
Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 24 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network), ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гашт, иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа намояндагон ва шахсони воломақоми мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатии аъзои Шабака зиёда аз 80 давлат ширкат варзида, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи муқовимати байналмилалӣ ба зуҳуроти коррупсия маърӯза ва музокира анҷом доданд.
Ҷаласа дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад ва онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи ҳамкориҳо байни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои ҷаҳон муосидат намоянд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дустӣ, музокиравӣ ва эҳтироми якдигари сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани робита бо ниҳодҳои зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам оварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Иштироки ҳайати расмии мақомот дар ҷаласаи 23-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 23-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот - Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.
Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзида, фаъолияти Шўрои мазкурро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти Шӯро мунтазам рушд намуда, он имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ андешида шавад.
Илова ба ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.
Дар охир, вобаста рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкориҳо дар доираи Шӯро тақвият дода шаванд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Баимзорасонии «Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар самти муқовимат ба коррупсия»
19 сентябри соли 2024 дар доираи ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторовия «Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар самти муқовимат ба коррупсия» ба имзо расонида шуд.
Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, дар рафти он роҳбарони ду ҷониб муҳимияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти муқовимат ба коррупсия бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Баимзорасонии Созишномаи мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба мақсад мувофиқ шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомотҳои марбута дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат шароити мусоидат фароҳам оварда, барои тақвият бахшидани неруҳои муборизабарандаи зидди коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Ҷаласаҳои корӣ вобаста ба даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд
18-19 сентябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷараёни иҷрои даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мавриди натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ гурӯҳи мониторингӣ, ки ҷараёни иҷрои тавсияҳои Шабакаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷкистон мавриди арзёбӣ қарор дода буданд, вобаста ба 9 самти баҳодиҳӣ, аз ҷумла сиёсати зиддикоррупсионӣ, бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии дороиҳо, ҳимояи хабаррасонҳо, покниҳодӣ дар тиҷорат, покниҳодӣ дар самти хариди давлатӣ, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мустақиляти мақомоти прокуратура, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.
Тибқи барномаи кории чорабинӣ санаи 17 сентябри соли ҷорӣ ҳисоботи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон баррасӣ ва шунида шуда, ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳисоботҳои мониторингии худро санаи 18 сентябри соли 2024 ҳимоя намуданд.
Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ҳайати расмӣ доир ба мавзуъ баромад карда, азму иродаи қотеонаи мақомоти Агентӣ ва дигар ниҳодҳои кишварро дар амалигардонии сиёсати байналмилалии зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба ин падидаи номатлуб баён дошта, тақвияти кӯшишҳои дастаҷамъона ва ҳамкориҳои густурдаро дар ин самт яке аз роҳҳои муассири ноил гардидан ба ин ҳадафҳои банақшагирифташуда арзёбӣ намуд.
Зимнан намояндагони Ҷумҳуриҳои Булғористон, Арманистон, Босня ва Герсоговина доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, ба роҳ мондани хариди давлатии мол кор ва хизматрасонӣ, таҳкими фазои мусоиди сармоягузорӣ, инчунин, фаъолияти мақомоти бо коррупсия муборизабаранда ба ҳайати расмии кишвар саволҳои худро пешниҳод карда, доир ба он ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Дар умум чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андухта барои густариши ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд
16-17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар масъулини мақомоти Агентӣ бо гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) доир гардид.
Зимни мулоқоти корӣ атрофи саволҳои иловагии коршиносон ва дигар масоили ба тавофуқнаомада доир ба 9 самти баҳодиҳии даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Шабакаи мазкур мубоҳисаи ҷонибҳо сурат гирифта, боиси хушнудист, ки дар натиҷаи мубоҳисаҳои тӯлонӣ ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ҳайати расмии кишвар пазируфта шуд.
Бо натиҷаи чорабинӣ як қатор саволҳои пешниҳодгардида ҳалли худро ёфтанд, ки он баҳри ба даст овардани арзёбии муносиб вобаста ба натиҷаи ниҳоии ҳисоботи кишвар оид ба даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР таъсири мусбӣ расонид.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити дӯстона ҷараён гирифта, барои меҳмоннавозии самимона ҳангоми ташрифи гурӯҳи мониторингӣ, ҳамкории густурда, маҳорати касбӣ, муаррифии арзандаи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати расмии кишвар аз ҷониби Котиботи шабака ва коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва ҳамоҳангии муттаасил дар ояндаи наздик иҷрои тавсияҳои Шабака таъмин гардида, ба ин васила мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад.
Маркази матбуоти Агентӣ.