Боздид аз Намоишгоҳи СПЕКА дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Боздид аз Намоишгоҳи СПЕКА дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон 24.11.2023

4 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Намоишгоҳи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз 22 то 25 ноябр баргузор мегардад.

Иштирокчиёни намоиш, давлатҳои аъзои СПЕКА, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев”,  павилионҳоро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватании худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз павилиони кишварҳои аъзои СПЕКА – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон боздид намуданд.

Бояд гуфт, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон давлатҳои иштирокчии он ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро дода, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла молҳои саноати сабук, саноати хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошт.

Ҳадаф аз иштироки Тоҷикистон дар чорабинии мазкур, ин пеш аз ҳама ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, дарёфти шарикони нав ва бозорҳои содиротӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва беш аз 30 намояндагони бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд.

Ҳамзамон, намунаи корҳои баанҷомрасонидашуда ва нақшаҳои оянда вобаста ба рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши меҳмонони Намоишгоҳ карда шуд.

Бояд гуфт, ки 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо молу маҳсулоти ватанӣ шинос шуданд.

Зимни боздид ба роҳбари кишвари мизбон вобаста ба раванди саноатикунонии кишвар, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда ва неъматҳои модии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Ҳафтаи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ, вохӯриҳои дуҷониба миёни доираи соҳибкорони кишварҳои аъзои СПЕКА ва дигар чорабиниҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сурат мегирад.

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон робитаҳои ду кишвар ба сатҳу сифати нав баромада, дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои амиқ ба назар мерасад.

Пас аз боздид аз Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар масъулони ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо истифода аз ин имконот барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, дарёфти шарикон ва афзоиши содироти молу маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Иштирок дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 09.11.2023

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили баргузории саммит дар сатҳи баланд изҳори сипос намуда, сарвари давлати мизбони чорабиниро ба муносибати раиси иҷлосияи 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб шуданашон самимона шодбош гуфтанд.

Ҳамзамон ба саъю талошҳои раисии ҷониби Туркманистон таҳти раёсати Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммадов доир ба татбиқи қарорҳои саммити гузашта баҳои баланд дода шуд.

Вобаста ба нақши Созмон дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон иброз намуданд, ки масъалаҳои рушди бемайлони (устувори) ҳамкорӣ дар доираи он ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакати мо муайян гардидаанд.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҷмуи маҳсулоти дохилии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар айни замон беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад, тамоюли умумии афзоишро нигоҳ доштааст.

Пешгӯӣ мешавад, ки афзоиши миёнаи ММД дар аксари давлатҳои СҲИ аз рӯи ҷамъбасти соли равон беш аз панҷ дарсадро ташкил хоҳад дод.

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки сарфи назар аз ин тамоюлҳои мусбат қисми зиёди иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то ҳол истифода нагардидааст.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , аз ҷумла, густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҷиҳати ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилноки дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршаванда, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди иқтисоди “сабз” маҳсуб мешаванд, пешниҳодҳои асоснок намуданд.

Дар робита ба бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Созмон Президенти Тоҷикистон махсусан таъкид намуданд, ки мо ният дорем дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ-Ғарб ва Осиёи Марказӣ -Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем.

Дар ин замина Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиботи СҲИ бо пешниҳоди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ва дурнамои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо бо мақсади рушди минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муроҷиат намуданд.

Дар хотима Сарвари давлати мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро бо анҷоми бомуваффақияти раёсати он дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот ба қабули раёсат дар ин Созмон муваффақият таманно намуданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 09.11.2023

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

Изҳори умед карда шуд, ки ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, барои инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду кишвар ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Сафари корӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 13.10.2023

13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.

Зимни ҷаласаи хосса ва бо иштироки ҳайатҳо сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои минбаъд низ пур намудани рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мундариҷаи амалӣ изҳори омодагӣ намуда, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи Иттиҳод ибрози андеша намуданд.

Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои зимни ҷаласа қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ дар доираи Иттиҳод такони иловагӣ хоҳанд бахшид.

Дар заминаи масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар робита ба ин аҳамияти татбиқи муттасили Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 таъкид шуд. Зимни татбиқи стратегияи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои аъзо ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим самтҳои муҳими Иттиҳод боқӣ мемонанд. Дар ин замина азми Тоҷикистон барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ гардида, ба ҳамкории минбаъдаи созандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт изҳори умед карда шуд.

Пешвои миллат муҳимияти таҳкими минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ ва гуманитариро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар ҷумҳурӣ баён доштанд.

Дар суханронии Сарвари давлатамон ҳамчунин ба миқёси ташвишовари зиёдшавии хатару таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба муҳимияти идома додани татбиқи амалии қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрии ИДМ дар бахши амният таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 қарор ва санад қабул гардид. Раёсат дар Иттиҳод ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт.

Баъди анҷоми кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамин ҷо бо иштироки сарони давлатҳо маросими супоридани Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Мукофоти олӣ - Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 октябри соли 2002 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис ёфта, ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ба дигар арбобони давлатию ҷамъиятии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2007 барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардида буданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 13.10.2023

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  Садир Жапаров 13.10.2023

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуданд.

Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, зоҳир шуд. Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк - Валтер Штайнмайер

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк - Валтер Штайнмайер

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.

 

Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.

 

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

 

Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.

 

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28.09.2023

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” вориди шаҳри Берлин шуданд.

 

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон”, Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ