Конференсия вобаста ба таъсиси платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия

2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конференсияи байналмилалӣ оид ба таъсиси платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия доир гардид.

 

Дар конфронси мазкур ҳайати расмии Агентӣ зери роҳбарии директор, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуда, доир ба мавзӯи баррасишаванда ва мавқеи мақомот вобаста ба таъсиси платформаи минтақавӣ ибрози андеша намуданд.

 

Қайд гардид, ки платформаи мазкур ба раванди татбиқи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия таъсири мусбӣ расонида, барои муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён ёфта, иштирокчиён омодагию ҳавасмандии хешро ҷиҳати таъсиси платформаи минтақавӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия дар сатҳи минтақа иброз карданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ