Ғайриқонунӣ додани замин

 

Носирзода Х.М. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 0,10 га. қитъаи замини ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуббударо, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Қуштеппа, ба шаҳрванд Сангов Ф.Қ. ғайриқонунӣ доданд.

Дар ин хусус нисбати Носирзода Х.М. ва Шомахмадов Р.Д. бо моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

        Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маоши кормандон

 

Рузиева Наргиз Меҳмондустовна дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Юсупова Тахмина Ятимовна дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.

       Дар ин асос нисбати Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail

Талаби маблағ барои омода кардани шаҳодатнома

 

Яхшиев Дилшод Бахтиёрович дар вазифаи ҷонишини директори мактаби ронандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самсун» кор карда истода, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифт.

Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани мукофот аз ҷониби хизматчии корхона

 

Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат кор карда истода, моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а  маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Камомади маблағҳои пулӣ дар корхона

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ тафтиши фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии шаҳраки Ёвон” гузаронида шуд.

       Зимни санҷиши корхонаи мазкур дар давраи аз моҳи июли соли 2020 то моҳи январи соли 2021 ба маблағи умумии 399.004 сомонӣ камомад ошкор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замин

 

Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.

Дар ин асос нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 338 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи музди меҳнати кормандон

 

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Талаби 10 000 сомонӣ барои омода намудани билети ҳарбӣ

 

Ниёзов Фурқат Ризоҷонович дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Каримов Халил Ҷалолович аз шаҳрванд Азизӣ М.А. барои ба номи додараш Азизов М.А. омода намудани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 дар маҷмӯъ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда гирифта байни якдигар тақсим намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ