Нишасти матбуотӣ дар Агентӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи  якуми соли 2023, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, 15 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

 

Дар нишасти мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣнамояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ - Ализода Зариф, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 ба хабарнигорон маълумот дод.

 

Қайд гардид, ки бо мақсади ба роҳ мондани муқовимат ба коррупсия кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 822 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 69 маротиба баромад намуда, 39 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир кардаанд.

 

Кормандони мақомот ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 1843 пешниҳод ва 987 дастури хаттӣ ирсол намудаанд, ки бо баррасии онҳо 115 нафар аз вазифаҳои ишѓолнамуда озод ва нисбати 637 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шудааст.

 

Дар фарҷом аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ