Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия (Хадамоти зиддикоррупсионӣ)

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Раиси Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, генерал-майори хадамоти зиддикоррупсионӣ Жумағали Асхат Жумағалиули мулоқот анҷом дод.

 

Зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, дар раванди он “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия (Хадамоти зиддикоррупсионӣ)” ба имзо расонида шуд.

 

 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ёддошти мазкур ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои байниидоравӣ таъсири мусбӣ расонида, дар роҳи муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ