Қаллобии директори КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан
Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алиев Али Ашурович зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Алиев Али Ашурович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ