.
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, санаи 28 июли соли 2020 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтаќавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтаќаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
.
Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишаст мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, Рашт ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
.
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019, имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфидин ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нахуст Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар ин давра аз тарафи мутахасисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 594 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 252,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 161,7 млн. сомонӣ ё 64,1 фоиз барқарор карда шудааст, ки 33,4 млн. сомонӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 128,3 млн. сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
.
Масъулини Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо рӯзҳои 23-26 январи соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёстаи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сиёсати зиддикоррупсионии кишвар суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Чунин чорабиниҳо дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода, ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа, Лоҳур, Зайнабобод, Гулистон, Беморхонаи марказии ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, намояндагони Ташкилотҳои ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ», Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисон ва мутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail