НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР УСТУВОРИИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа, такмили арзишҳои аслии миллӣ ва суннатҳои маънавии мардуми тоҷик, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва низоми давлатдории кишвар заминаи мусоиди сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам овард.
Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ аз вазифаҳои асоситарини на танҳо равшанфикрон ва аҳли зиё, балки ҳар фарди тоҷик маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» фармудаанд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст».
Вожаи истиқлол дар фарҳангҳои классикиву имрӯзаи тоҷикӣ дар таркибҳои гуногун ва ба маъниҳои мухталиф, аз ҷумла “озодӣ, худмухторӣ”, “озодӣ доштан, ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идома додан” тафсир шудааст.
Дар замони навин ба шарофати заҳмату кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон вожаи истиқлол муҷаддадан ба маънии асили худ истифода гардида, ифодагари истиқлолият ва озодии воқеии кишвари азизи мо шудааст.
Аввалин санади ҳуқуқие, ки Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда буд, Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин санади арзишманд 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул гардидааст. Дар моддаи 1-уми Эъломияи мазкур таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ - "ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ" тафсир гардидааст. Нахустин бор андешаи фаъолияти мувозии ҳокимият ба шакли шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз баён гардидааст. Чунин таърифи истиқлолият ва шеваи ба роҳ мондани кори ҳокимият қадами муҳиме ба сӯйи мустақилияти комил буд.
Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ аз 9- уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.
Ба шарофати ин ҳуҷҷат санаи 9-уми сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, ҳамзамон ин рӯз тибқи Қонун рӯзи истироҳат низ эълон гардидааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: "Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад".
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои рамзҳову рукнҳои давлатдорӣ аз қабили умумияти забон, ҳудуд, анъанаву фарҳанг ва иқтисодиёт ҳамҷояи миллати дорои тамаддуни оламшумул арзи ҳастӣ дорад. Тоҷикистони куҳанбунёди ҷавонбахт соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ аз қабили Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, пойтахт ва пули миллӣ буда, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин ба ҳисоб меравад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Ба шарофати Истиқлолият дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби 179 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар бештар аз 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии зиёда аз 25 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд. Ин маълумот шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати соҳибистиқлол буда, роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.
Истиқлоли воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди густурдаи бисёр самтҳои моддиву маънавии кишвари азизи мо такони қавӣ бахшида, барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ комилҳуқуқ ворид гардидани кишвари мо заминаҳои мусоид ва арзишманд фароҳам овард.
Яке аз шартҳои Истиқлоли воқеӣ таъмини низоми ҳуқуқии фаъолияти давлату ҷомеаи мутамаддин кишвар ба ҳисоб меравад. Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён овард.
Бо мақсади таҳкими давлатдорӣ ҳамчун яке аз рукнҳои ҳокимият зарурат пеш омад, ки низоми ҳуқуқӣ таҳия ва такмил гардад ва он фарогири ҳамаи унсурҳои Истиқлоли воқеии давлат бошад. Дар робита ба ин дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати тозабунёди тоҷикон қабул гардид, ки дар моддаи аввалини он соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва таъкид гардидааст. Минбаъд 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Тайғиру иловаҳое, ки ба Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ворид гардиданд, барои истиқрори сулҳ, устувории пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мушаххас намудани салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, таккони ҷиддӣ бахшид.
Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз равандҳои муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.
Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ қабул шудани санадҳо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз (24-уми августи соли 1990) ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9-уми сентябри соли 1991) ба марҳилаи нав ворид сохт.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намудани санадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Ба шарофати Истиқлоли кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Пешвои миллат дар Муроҷиатномаи худ аз 12–уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаҳои муҳими зеринро ба миён гузоштанд:
“Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардош-ти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ қабул гардида, пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро мустаҳкам намуданд. Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлоли воқеӣ бо мақсади таҳкими сутунҳои ҳокимият ҳосил кардани боварӣ ва эътиқоду эътимоди мардум ба низоми давлатдорӣ мебошад.
Бо ин мақсад бо иродаи сиёсии Президенти кишвар муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ эълон гардид.
Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Зимни ин ҳамоиш бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.
Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти он ташкил ва роҳу усулҳои мубориза бо ин падидаи номатлуб такмил ёфт. Бо ин мақсад, санадҳои муҳими ин самт, аз он ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 қабул ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шуд.
Яке аз самтҳое, ки барои рушди ҳаматарафаи он Истиқлоли миллии мо шароит фароҳам овард, ҳувияти миллӣ ва рушди забони давлатӣ мебошад. Истиқлоли миллӣ барои побарҷову устувор ва поянда доштани бинои ҳастии миллат – забони тоҷикӣ шароит ва имконоти беҳтарин муҳайё намуд. Дар даврони Истиқлол забони тоҷикӣ чун забони миллӣ ҷойгоҳи бузурги расмиву давлатӣ дарёфт намуда, дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шакли пурвусъат истифода мегардад. Истиқлоли давлатӣ шароит ба миён овард, ки амалкарди забони давлатӣ дар ҳама ҷанбаҳо таъмин гардад ва ташаккули истилоҳоти ин соҳаҳо бо суръати баланду сифати хуб арзи вуҷуд намояд.
Зери партаву ҳимояти Истиқлоли миллӣ кишвари мо тавонист ба таърихи миллат, ба фарзандони бузурги миллати тоҷик ва осори онҳо, ба сарвати ҳазорсолаи маънавӣ ва ғайримоддии миллат таваҷҷуҳи хосса равона намояд.
Дар баробари осори садҳо олимону муҳаққиқони дигар дар ин росто асарҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайраро номбар кардан мумкин аст, ки барои боло бурдани мақому эътибори миллати куҳанбунёду ҷавонбахти мо нақши нотакрор ва оламшумул гузоштаанд.
Ҷилди аввали пажӯҳиши густурдаву амиқ ба шакли асари ҷолибу пурбори “Забони миллат – ҳастии миллат” бо номи “Ба сӯйи пояндагӣ” масъалаҳои муҳимтарини пайдоиш ва рушду такомули забони миллии моро дар дарозои таърих то давраи корбурди он дар аҳди Ғӯриён ва Хоразмшоҳиён фаро гирифтааст. Дар ин ҷилд бо як возеҳиву равонӣ мақоми миллату забони мо дар муҳиту фарҳанги ориёӣ, масъалаҳои муҳимтарини точикшиносӣ аз қабили сайри таърихӣ ва тафсири лексикографии вожаи “тоҷик”, хостгоҳ ва ҷойгоҳи забони адабии тоҷикӣ, тавлиду рушди он дар замону макон мавриди таҳлилу тафсири ҳамаҷонибаву далелнок қарор гирифтааст.
Аз мулоҳизарониҳои муҳаққиқи муътабари забони миллии мо Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки забон ба иловаи рисолати миллатсозии хеш он арзиши иҷтимоиест, ки дар бунёди фарҳангу тамаддуни миллат, дар ташаккули худшиносӣ, дар пайдоиш ва рушди давлатдории миллӣ нақши умдаву нотакрореро мебозад. Нақши забони адабии миллӣ ҳамчун нишонаи асосии миллат дар он низ зоҳир мегардад, ки яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ буда, арзишҳои бунёдии онро дар мисоли ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллӣ фароҳам месозад. Ин ҳама эътибору эътиқод ба забони милливу давлатӣ – ба забони тоҷикӣ ба шарофати Истиқлоли воқеии давлатӣ муяссар гардид, ки мо бояд ин падидаро чун гавҳари ноёб ҳифзу нигаҳдорӣ кунем.
Ба шарофати Истиқлоли миллӣ моҳи октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар таърихи 5 октябри соли 2009 навбати дуввуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити навгониҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар дохилу хориҷи кишвар муқаррар менамояд.
Бо ташаббусу кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон 28-уми ноябри с. 2020, таҳти рақами 647 Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2020-2030 тасвиб гардид. Дар доираи ин Барномаи муҳим арҷгузории воқеӣ ба забони давлатӣ, ба сарвати забонии миллат ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ сурат гирифта, эҳёи дубораи номҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва боло бурдани маданияти номгузории аҳли кишвар ба миён омадааст.
Таъсир ва самараи истиқлоли давлатиро ба фарҳангу забони миллӣ мо ба шакли зерин баён карда метавонем:
Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи идораю вазоратҳо, корхонаю муассисаҳои кишвар ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа пайдо намуд.
Дар даврони Истиқлоли миллӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони мақомоти қудратӣ ва неруҳои мусаллаҳи кишвар пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёт ва машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуд.
Забони тоҷикӣ дар кишвар мақоми забони илмро дарёфт намуд, ки аз ин падида таъсиси Комисияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони расмии таҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, забони таълиму тадрис будани забони миллӣ, таълифу дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо дастгирии хосаи роҳбарияти кишвар беэътиноӣ ва бетафовутӣ нисбат ба забони тоҷикӣ комилан аз байн рафт, ки дар даврони шуравӣ ба мушоҳида мерасид, забони давлатӣ дар байни сокинони ғайритоҷики кишвар низ мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор гирифт, китобҳои дарсии омӯзиши забони давлатӣ ба забонҳои русӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ таҳия ва нашр гардиданд.
Забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифтанд.
Номҳои аслии таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърихи забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои саҳронишини кӯчӣ дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳамияти бузург дорад.
Забони тоҷикӣ дар давоми 32 соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар асоси ҳастӣ ва пойдории миллат будани забонро хеле хуб исбот намуд.
Баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони Истиқлол ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо гӯяндаи он ҳастанд, ки насли муосир чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад. Ҳамзамон, ин иқдомот омили тақвиятбахши истиқлоли миллӣ ва ваҳдати кишвар, ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд.
Замони Истиқлоли воқеӣ ва бунёди давлати миллӣ даврони рушду устувории забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, ки дар ин падида нақши Истиқлоли миллӣ, заҳмату кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон муассир ва самаранок арзёбӣ мегардад.
Агар ба гузаштаи пурарзишамон бингарем, мебинем, ки бузургони мо барои равнақу инкишофи фарҳанги миллӣ ва забони модарии худ садоқату сарсупурдагӣ зоҳир карда, бо иқтидомҳои босамару пайваста тадриҷан забони хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровардаанд.
Асарҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” намунаи зебои садоқат ба миллату ватан ва таъриху арзишҳои он мебошад, ки намунаи беҳтарин аст ба ҷавонону наврасони кишвар. Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” Пешвои миллат қайд кардаанд, ки “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гард чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям”. Таваҷҷуҳ ба мавзеъ ва фарҳангҳои бостонӣ аз қабили ҳафриёти Саразм, ковишҳои бостонӣ дар Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳулбук, Хазинаи Амударё ва даҳҳо мавзеъҳои дигар ишорат бар он мекунад, ки миллати мо соҳиби фарҳангу таърихи сарватмандтарин буда, ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки бо миллатҳои мутамаддини ҷаҳон ҳамқадаму ҳамовоз дар хатсайри ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Ин ҳама иқдоми миллатпарваронаву ватандӯстона танҳо ба шарофати Истиқлоли миллӣ муяссар гардидааст.
Арҷгузорӣ ва эътирофи шахсиятҳои милливу таърихиву динӣ дар робита бо фарҳангу рӯзгори миллату кишварамон самти дигари рушду интишори арзишҳои маънавист, ки дар партави Истиқлоли миллӣ ва муносибати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат ба ғановати моддиву маънавии миллати куҳанбунёди мо имконпазир гаштааст.
Дар асари бунёдии “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” Пешвои миллат ҳамчун муаррихи нуқтасанҷ баён кардаанд, ки китоби бостонии аҷдодони мо «Авасто» дар зиндагии ҳамарӯзаи гузаштагони мо ҳамчун раҳнамои муҳим барои тамоми табақаҳои ҷомеа – давлатдорону сиёсиён, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, маъбудону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Ба андешаи Пешвои миллат мазмуни баланд, арзиши тарбиявиву ахлоқии ин китоб буд заминаи ҷовидонӣ ва пойдории он гардидааст. Воқеан қисматҳои боқимондаи «Авасто» аз камолоти фарҳангу маънавиёти аҷдодамон дар давраҳои кадим шаҳодат медиҳад. Махсусан, дар қисмати қадимтарини он-«Готҳо» давраи ба зиндагии муқимӣ, густариши пешаи деҳқонӣ, ривоҷ ёфтани кишоварзӣ, ободонии манзил, ҳифз намудани шаҳр ва ғайра инъикос ёфтаанд. Аз мисолҳои фаровони дар асар овардашуда маълум мегардад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта буданд, ки он ба халқҳои Аврупо ва Осиё илҳом бахшидааст.
Пешвои миллат дар ин китоб дар баробари зикри нахустин рисолати таърихии Зардушт оид ба дигар хидматҳои ӯ сухан мекунанд, ки дар таърихи башарият аз назари тарбияи ахлоқӣ таъсири бузург расонидааст. Ин арзишҳои ахлоқиро таҳти шиори «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек» ниёгони мо роҳхати зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор доданд, ки тавзеҳу интишори ин ҳам имрӯз танҳо ба шарофати Истиқлол имконпазир гаштааст.
Истиқлоли воқеии кишвари мо замина эҷод кардааст, ки ҷомеаи миллиамон роҷеъ ба бузургони хеш омӯзишу таҳқиқоти бунёдӣ ба амал бароварад. Асари маъруфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Чеҳраҳои мондагор” зодаи Истиқлол ва аз зумраи чунин осор аст. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик буда, муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи хеш пажӯҳишҳои дилчаспу муҳим анҷом дода, дар ниҳоди ҷавонони Ватан эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Ин асар чун туҳфаи Пешвои миллат ба муносибати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг беандоза аст.
«Чеҳраҳои мондагор» зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни шашҳазорсолаи тоҷикон аст.
Ин асари мондагор натиҷаи омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ барои имрӯзиён ва фардоиён мебошад. «Чеҳраи мондагор» беҳтарин намунаи осори таърихӣ, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин китоб 25 чеҳраи маъруфи тамаддуни оламро дар робита бо фарҳангу таърихи миллати бузурги тоҷик муаррифӣ карданд. Аксарияти онҳо шахсиятҳои барҷастае мебошанд ва дар сарнавишти башарият ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург гузоштаанд. Ба ҷумлаи қаҳрамонони ин асари бунёдӣ шахсиятҳои миқёси ҷаҳонӣ Куруши Кабир - бунёдгузори давлатдории мутамаддин, шаҳаншоҳи нахустин империяи мутамаддини Ориёӣ – Хоҳманишинҳо; Спитамен - парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол, Зардушт - паёмбари ойини ростин, шахсияти дар таърихи афкори маънавии инсоният бузургу ҷозибанок аст; Монӣ - асосгузори таълимоти динию фалсафии монавия; Маздак - пешвои мардумдӯсти Эрони бостон; Муҳаммад (с). бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари барҳақ; Имоми Аъзам - асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳамулгарои ҳанафи; Исмоили Сомонӣ - абармарди хирад ва сиёсат, асосгузори давлати Сомониён; Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - қофиласолори адабиёти тоҷику форс, поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ; Абулқосим Фирдавсӣ - ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад; Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино - мутафаккири абадзинда, бузургтарин файласуф, олим ва табиби тоҷик; Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ- суханвари бузург ва андешавар; Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо; Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - таблиғгари фарҳанги сулҳ; Камоли Хуҷандӣ – шоири бузург; Абдураҳмони Ҷомӣ - пешвои аҳли илму адаби Мовароуннаҳру Хуросон; Мирзо Абдулқодири Бедил - нобиғаи шеъру маънӣ; Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ - суханвари номвари тоҷик; Садриддин Айнӣ - нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик; Нусратулло Махсум - ҷонфидои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон; Шириншо Шотемур – равшангари бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон; Бобоҷон Ғафуров - Фарзанди фарзонаи миллат, Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон; Мирзо Турсунзода. Сарояндаи сулҳу дӯстӣ, шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Сотим Улуғзода - нигорандаи таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик дохил мешаванд.
Ба шарофати Истиқлоли кишвар барои ҳифзи иқтисодиёт, асъори давлатӣ, марз, фарҳанг, илм ва дигар бахшҳои соҳаи ҳаёти ҷомеа шароити хуб фароҳам омад. Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатҳои қариб ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шудааст, адолати иҷтимоӣ ва шароити рушди ҷисмониву маънавӣ барои ҳама аъзои ҷомеа фароҳам гардид.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бақои давлат ва зиндагони осудаву таъмини шаҳрвандони кишвари азизамон гардидааст.
Поянда бод Истиқлолияти давлату кишвари бостонии тоҷикон!
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.