Ҳаким Умари Хаём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол ва муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.»
Гарчанде ҷашни Наврӯз ва ойину маросимҳои он дар тӯли таърих борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст, аммо мардуми ориёӣ дар ҳама замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгон даст накашидаанд. Имрӯз ҳам гулгардонӣ, суманакпазӣ, пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ, сайри наврӯзӣ, оштикунонӣ, бузкашӣ, хондани таронаҳои наврӯзӣ маъмулу машҳуранд.
Яке аз хусусиятҳои дигари асосии фарҳангии ин ҷашн аз он иборат аст, ки дар ин айём шабу рӯз баробар мешавад. Пас аз он шабҳо кӯтоҳу рӯзҳо дарозтар мешавад, то инсон бештар меҳнату эҷод намояд.
Агар ниёгони мо ин ҷашни бузургро бунёдгузорӣ кардаанд, дар давоми садсолаҳои баъдӣ моро зарур омад, ки барои посдорӣ ва нигаҳдории ин мероси шойгон пайваста ҷонбозиҳо кунем. Чунки дар фарозу фуруд ва гардишҳои ҷодаи таърих нерӯҳои шумқадам борҳо толош карданд, ки ин сипари беқиёсро аз дасти мо бигиранд. Мехостанд, бо баҳонаи мамнуъ эълон кардани ҷашни Наврӯз дороиҳои фарҳангии моро ба кӯйи нобудӣ бикашанду бинои ҳуввияти миллии тоҷиконро зеру забар намоянд.
Дар даврони Истиқлол Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад ва суннатҳои милливу бостонии мо, ки дар вуҷудамон нуҳуфтааст, аз нав эҳё мегардад. Ин як эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат ва ба забону ҳастии миллат аст. Бо ҳамин ҷашнгирии ин ид мардум ба худогоҳиву худшиносӣ бештар мерасанд. Фалсафаи Наврӯз ҳам дар ҳамин нуҳуфтааст. Ҷашне, ки таъриху зиндагӣ ва фарҳанги моро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Наврӯз на ба ҳайси як ид, балки ба мисли як нишонаи фарҳангу тамаддун мебошад.
Наврӯзи давраи Истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ нақши «зани тоҷик» ва «модар»-ро дар ташаккулёбии миллат ва халқи тоҷик бисёр муҳим арзёбӣ намуда, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расиданро ҳамчун қарзи инсонии ҳар як фарзанди миллат донистаанд.
Аз ин рӯ, дар арафи таҷлили «Рӯзи модар» дар мақолаи зикршуда иқтибос аз суханрониҳои роҳбари давлат бахшида ба нақши зан ва модарро манзури Шумо мегардонем:
«Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши Зан – Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст».
«Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд».
«Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад».
«Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст».
«Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан – Модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст».
«Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд».
«Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст».
Умед дорам, ки ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита, мақоми Зан – Модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад».
«Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст».
«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад».
«Худованд ба Зан – Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст».
«Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».
«Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост.
Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматнописандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд».
«Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии Зан – Модар вобаста аст».
«Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар Тоҷикистони азизамон саҳм гузоштаанд. Истиқлоли давлатӣ барои мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву сулҳхоҳи моро ба арсаи васеи роҳи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеву манзалати занонро дар рушди иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватандорию ватанхоҳӣ ва бунёдкорию гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон заминаи устувор гузошт».
Дар охир ҳамаи кормандони соҳаро бо иди касбӣ - «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» табрику шодбош гуфта, бар ҳар яки онҳо саломатӣ ва ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештарро орзумандем.