МАРҲАБО, НАВРӮЗИ АҶАМ!

 Имрӯзҳо аз гӯшаву канори мамлакати мо накҳату оҳанги Наврӯзи оламафрӯз мерасад, ки ин ҳама замзамаи ҳаёти осоишта нишонаи соҳибистиқлолӣ ва ифтихор аз ватандорист.

 

 Бояд бо ифтихор бигуем, ки Наврӯз қадимтарин дар ҷаҳон ҷашни Соли нав буда, он умри ҳазорсолаҳои беохирро дар бар мегирад. Бузургони илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ба монанди Абдурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Фирдавсӣ ва дигарон дар ин ҷода асарҳои безаволи худро иншо карданд, ки то имрӯз эътибори худро дар шинохти Наврӯз гум накардааст.

 

 Бояд иброз намоем, ки Наврӯз ҷашни ҳамагонӣ буда, аз диди ситорашиносони олам баробарии шабу рӯз, бедоршавии табиат ба Наврӯзи мо ҳусни дигар мебахшад.

 

 Наврӯз мероси бебаҳои ниёгони мост, ки аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок нигоҳдорандаи забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан буду ҳаст.

 

 Наврӯз барои мардуми мо ҷашни азизу муқаддас буда, маънои покиву озодагиро дорад, ки дар аввали моҳи Фарвардин таҷлил мегардад. Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии худ бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем.

 

 Наврӯз зодаи андешаву хиради бузурги аҷдоди тамаддунофари мо, баёнгари тафаккури таърихӣ, сиришти ахлоқӣ, расму ойин ва ҷаҳоншиносии миллатамон мебошад.

 

 Воқеан, Наврӯз рамзи баҳор, рамзи файзу баракат ва бунёдкориву созандагист. Бо даъвати роҳбари давлатамон мардум ҳамасола дар боғу хиёбонҳо даҳҳо ҳазор дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ мешинонанд, ки ин ифодагари умеду омол ва сарсабзии фардои кишвар мебошад.

  

 Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии чанд кишвари дигари ориёӣ моҳи сентябри соли 2009 муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, маориф ва фарҳанг - ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид намуд ва сипас моҳи феврали соли 2010 бо қарори иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуд. Ҷаҳонишавии Наврӯз гувоҳи возеҳи асолати бостонӣ ва ватани Наврӯз будани Тоҷикистон аст.

 

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, Наврӯз муборак бод,

Ин давлату ин иқбол, имрӯз муборак бод.

 

 Маврид ба зикр аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни аҷдодиро аз нав эҳё карда, дар таҳкими пояи навини давлатдорӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардуми кишварамон нақши бебаҳо гузошт.

 

 Дар ин давра халқи мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилоти пайдошударо паси сар кард, балки пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди худро гузошта, барои амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии давлат, оиди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноаткунонии босуръати кишвар устуворона қадам ниҳода истодааст.

 

 Дар амалӣ гаштани ин ҳадафҳои стратегии давлат, пойдорӣ ва таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот дар кишвар, нигоҳ доштани арзишҳои муқаддаси миллии халқи тоҷик чун Наврӯзи Аҷам, аз мо кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зиракии сиёсӣ, садоқати бепоён ба давлату Ватан фаъолият намудан бо дасту дили покро тақозо менамояд.

 

 Давлати мо имрӯз дар марҳилаи муҳими таърихии худ қарор дорад. Пешорӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол уфуқҳои нави рушду тараққиёт боз мешаванд. Бигзор ин уфуқҳо чун рангҳои наврӯзӣ пурнур ва софу беғубор бошанд.

 

 Умед дорем, ки Наврӯзи имсола дар таърихи навини диёр саҳифаи тозаву ҷовидона мекушояд.

 

 Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, хонаи обод, зиндагии осуда ва дар кору фаъолиятатон ба нафъи халқу Ватан комёбиҳои тоза орзумандам.

 

 Наврӯзатон фархундаву муборак бод!

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail