Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби директори ҷамъият

 Мирзоев Маҳмадӣ Баротович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳроб-2016” ҳамчун мактаби ронандатайёркунӣ кор карда, бо истифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз  онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифта, дар эҳтиёҷоташ сарф намудааст ва ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонид.

 

   Дар ин хусус, нисбати Мирзоев М.Б. бо моддаи 295 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шуд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллоби барои мусоидат намудан оиди санади интихобии киъаи замин

 Маҷидов Ҳасан Достиевич дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарари ҷидди содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифта, дар натиҷа ба охирин зарари чиддии модди расонид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Форуми ҷавонон таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа»

 Дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” 13 майи соли 2022 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар  форуми ҷавонон таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллоби барои ҷудо намудани қитъаи замин

 Ҳабибуллоев Аловиддин Нуралиевич, дар вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт кор карда, дар давоми фаъолияташ дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 га аз шаҳрванд “А” маблағи 10.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониашро талаб намуда истодааст.

 

 Дар натиҷаи андешидани чораҳои  оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуд.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳабибуллоев А.Н. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ

 Шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, аз охирин ба сифати пора маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст.

 

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои омода кардани шиносномаи манзили истиқоматӣ

 Садуллаев Ҳақназар Файзуллоевич дар вазифаи мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ҷинояти қаллобиро дар ҳолатҳои зерин содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур Гулмуродов Зокиржон Иргашович аз шаҳрванд “А” дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13000 сомони талаб намудаанд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Садуллаев Ҳ.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ  ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

  Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим дар вазифаи мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.           

 

   Сипас, Муҳаммадҷонзода О.О. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 5000 сомониро дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров гирифта тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷидии моддӣ расонид.

 

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадҷонзода О.О. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Талаби пора барои ивази шиносномаи манзили истиқоматӣ

  Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович дар вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб фаъолият карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрести ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш инчунин мусоидат намудан баҳри иваз намудани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ маблағи 4200 сомониро талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 2700 сомониашро гирифта боз оварда додани боқимонда 1500 сомонии дигарро талаб намуд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Буриев Б.Х. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ