Форуми ҷавонон таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа»

 Дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” 13 майи соли 2022 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар  форуми ҷавонон таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.

 

 Чорабиниро муовини директори Агентӣ Аҳмадзода М.Р. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба саҳми ҷавонон дар паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат суханронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки зери сиёсати оқилона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бо нангу номуси кишвар бо ифодаи олии ифтихори миллӣ барои пойдории сулҳу субот ва якпорчагии ватани азизамон, инчунин барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуби коррупсионӣ саҳмгузор бошанд.

 

 Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Филиппо Кривелларо, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустаъқили ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шарипов Абдураҳмон ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Муҳаммад баромад карда, оиди дастовардҳои ҷавонон дар тули 30-соли Истиқлолияти кишвар сухаронӣ намуданд.

 Дар  охири чорабинӣ барои меҳнати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ