Қаллоби барои мусоидат намудан оиди санади интихобии киъаи замин

 Маҷидов Ҳасан Достиевич дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарари ҷидди содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифта, дар натиҷа ба охирин зарари чиддии модди расонид.

 

 Оиди ин ҳолат нисбати Маҷидов Ҳасан Достиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ