Ташрифи гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрели соли 2024 ташрифи аъзоёни гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ин гузаронидани арзёбии даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабака дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

 

Дар доираи сафар санаи 16 апрели соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии мақомот таҳти роҳбарии директори Агентӣ Султонзода С.С. бо аъзоёни гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР баргузор гардид.

 

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади паст кардани шиддати ин падидаи номатлуб дар даврони истиқлолият як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва стратегияву баромаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул карда шуда, дар ин замина чораҳои зарурӣ давра ба давра роҳандозӣ шуда истодааст.

 

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсияи Шабакаи зикршударо пазируфта, вобаста ба иҷрои тавсияҳои он унвонии Шабака мунтазам ҳисобот манзур менамояд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора аз тарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Шаҳрванд С.Т. унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки нисбати таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда аз ӯ барои рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати садамаи нақлиётӣ ғайриқонунӣ ба сифати пора маблағи 20 000 сомонӣ талаб карда истодааст.
 
Дар ин асно, аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, санаи 12 феврали соли 2024 Раҳимзода Ф.С. баъди дар утоқи кории худ аз С.Т. гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
 
Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳимзода Ф.С. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳият баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани шахси ҳуқуқӣ ва саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Зоиров А.Н. қасдан ва бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019», дидаву дониста аз он ки ҷамъиятҳои зикршуда ба номи дигар нафарон ба қайд гирифта шудаанд, бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амал намуда, дар асосои маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Шукуров М.Р. ғайриқонунӣ ҳамчун роҳбар ва муассиси ҷамъият фаъолият намуда, ин ҷамъиятҳоро истифода бурданд.

 

Дар ин замина, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. тибқи нақшаи ҷиноятии тарҳрезинамудаашон амал карда, аз моҳи апрели соли 2023 то инҷониб ба воситаи ҷамъиятҳои болозикр аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ молу маҳсулоти нафарони гуногунро ворид намуда, аз маблағи умумии молҳои воридгардида ғайриқонунӣ аз 3 то 3,5% ҳамчун ҳаққи хизматрасонӣ гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиашон хароҷот намудаанд.

 

Ҳамзамон, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ зимни истифодаи ғайриқонунии ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳодшавандаро носаҳеҳ тартиб дода, манбаи андозбандишавандаро ниҳон дошта, бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои қалбакӣ ҷамъ ба маблағи 1469299 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳояш маблағи 1911034 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ карданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо моддаҳои 260 қисми 2 банди “б” ва 292 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гардид, ки Муратов О.М. аз соли 2015 то соли 20223 дар вазифаи мутаҳассиси пешбар ва аз 13.04 соли 2023 то инҷониб дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб кор карда, дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир намуд.

 

Ҷунончи, Мурадов О.М. дар давраи фаъолияти кориаш тахминан моҳи октябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов Р.А. даромада, аз охирин дар якҷанд ҳолат бо баҳонаи аз маҳаллаи Зарринкӯҳи шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани 0,7 га қитъаи замини кишоварзӣ ҷамъ маблағи 81400 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро анҷом надода, маблағҳои мазкурро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шаҳсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи ҳуд ба шаҳрванд Қурбонов Р.А. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Муродов О.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора барои омода карда додани иҷозатнома

2 апрели соли 2024 шаҳрванд Остонаев С.Р. бо ариза ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов А.А. чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, яъне ҷиҳати омода карда додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ аз охирин ба сифати пора маблағи 30000 сомонӣ талаб намуда, аз ин 20000 сомониашро қаблан гирифта, боз оварда додани маблағи 10000 сомонии дигарро талаб кардааст.

 

Худи ҳамон рӯз оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуалимов А.А. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ охирин баъди аз шаҳрванд Остонаев С.Р. гирифтани маблағи 10000 сомонӣ боздошт гардида, маблағи зикршуда аз ӯ дарёфт карда шуд. Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ироаи нуқтањои асосии баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

5 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоњи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии лексияи директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Роҳнамо дар мавзӯи “Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзиши миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ: масъалаҳо ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид, ки зимни он ҳайяти васеи кормандони мақомот иштирок варзиданд.

 

Дар баромади худ Устод - Абдуллоҳи Роҳнамо масъалаҳои моҳият, зарурат ва аҳамияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, арзёбии миқёси воқеии таҳдиди хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ, вазифаҳои нави дар мулоқоти болозикр назди қишрҳои гуногуни ҷомеа гузошташуда ва нақшу мақоми қишрҳои таъсиргузори ҷомеа дар пешгирии таҳдиду хатарҳои мазкур мавриди музокира қарор доданд.

 

Зимнан, роҳбарияти Агентӣ таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстримизм тамоми заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овардаанд ва моро зарур аст, ки дастаҷамъона бо ин зуҳуротҳои номатлуб пайваста дар муборизаи беамон қарор дошта бошем.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ сурат гирифта, гузаронидани он барои тақвият ва мукаммал  гардонидани донишу таҷрибаи кормандон заминаи мусоид фароњам овард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағи пулӣ барои гирифта додани иҷозати сохтмони манзили истиқоматӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ҳукуматзода А.Х. дар вазифаи мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир намуд.

 

Чунончи, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмонӣ манзили истиқоматиро надорад, моҳи ноябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номубурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифта додани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 47000 сомониро талаб карда гирифт.

 

Зимнан, Ҳукуматзода А.Х. баъди гирифтани маблағ аз Давлатов Ҷ.С. ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 47000 сомониро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба Давлатов Ҷ.С. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳукуматзода А.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати тасарруфи маблағи пулӣ аз тарафи сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор

14 марти соли 2024 шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. бо ариза унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки нисбати сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б.З. ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Салимов Н.С. чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурдагон аз ӯ барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ охири моҳи феврали соли ҷорӣ маблағи 8000 сомонӣ гирифта, айни ҳол овардани боқимонда маблағи 9000 сомониро талаб намуда истодаанд.

 

Дар ин замина, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо андешидани чораҳои зарурӣ Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ