Боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб

 

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.

Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

 

10 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

 

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.  

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо ҷавонони кишвар

 

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд.Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 20 май маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, к

 

Нимаи дуюми рӯзи 19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.  

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ