Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст - бародарон Достиевҳо бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти тиббӣ дорои 40 кат барои беморон аст ва дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Муассисаи соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафат хизмати босамари тиббӣ расонад.
Табибон дар чор шуъба маризонро ташхис ва муолиҷа мекунанд. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд дар маҷмуъ то 40 бемор бистарӣ ва табобат карда мешаванд.
Муассисаи тиббӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маъмурият, аз 17 ҳуҷра иборат аст. Ҳуҷраи муоинаи маризон ва бақайдгирӣ низ дар ҳамин ошёна макон дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 150 нафар пешбинӣ шудаааст. Тибқи нақша бинои нав бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда хоҳад шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт-соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳаммияти неругоҳ дар рушди иқтисодии кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии “Норак”-ро оғоз карда буд.
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсддини Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бунёд карда шуда, ба як макони зебои сайру гашт ва истироҳати сокинон табдил ёфтааст.
Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад.
Зерсутунҳои нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои мармари сафед оро дода шуда, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.