Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли қубурҳои асбестӣ машғул мешавад. Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Санги асос барои бунёди корхона моҳи марти соли 2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати якуним сол бо сифати баланд сохта шуд.
Дар корхона ду хати муосири технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, дар он пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 90 то 300 мм бо дарозии 4 метр истеҳсол карда мешавад.
Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 500 то 800 дона қубури асбестӣ истеҳсол намояд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 260 ҳазор дона қубур буда, бо дарназардошти талаботи бозор, имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Барои истеҳсоли қубурҳои асбестӣ сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мегардад. 95 фоизи ашёи хом аз Тоҷикистон буда, ҳиссаи ками он, ҳамагӣ 5 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.
Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст - бародарон Достиевҳо бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти тиббӣ дорои 40 кат барои беморон аст ва дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Муассисаи соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафат хизмати босамари тиббӣ расонад.
Табибон дар чор шуъба маризонро ташхис ва муолиҷа мекунанд. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд дар маҷмуъ то 40 бемор бистарӣ ва табобат карда мешаванд.
Муассисаи тиббӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маъмурият, аз 17 ҳуҷра иборат аст. Ҳуҷраи муоинаи маризон ва бақайдгирӣ низ дар ҳамин ошёна макон дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 150 нафар пешбинӣ шудаааст. Тибқи нақша бинои нав бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда хоҳад шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт-соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳаммияти неругоҳ дар рушди иқтисодии кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии “Норак”-ро оғоз карда буд.