8 декабри соли 2023 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоянда

8 декабри соли 2023 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятӣ “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “9-уми декабр рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” чорабинии оммавӣ баргузор гардид.

 

Мақсади асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Чорабинии мазкурро масъулини Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти таҷлили “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия”, оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

Иштирокчиёни дигари чорабинӣ низ дар мавзӯъҳои “Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Муқовимат бо фасод – омили рушд”, ва “Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия” маърӯза ироа намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварада, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати  коррупсия мусоидат менамояд.

 

Дар фарҷом иштирокчиёни чорабинӣ дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни падидаи коррупсияро зери музокира қарор доданд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ба афкори умум мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ