ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Равандҳои сиёсиву ҷамъиятие, ки таи солҳои охир дар ҷаҳони имрӯза ба вуқуъ мепайванданд, ҷомеаи тоҷикро водор месозанд, ки ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода шавад, зеро фақат дар ҳолати донистан ва дарк кардани ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии худ шаҳрвандони мо метавонанд, ки бо ҳисси масъулияти баланди ватандустӣ дар роҳи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарон ва муҳосибони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионии аҳолӣ сӯҳбату вохӯрӣ доир гардид.

 

Қайд карда шуд, ки мубориза бо коррупсия аз ҳар як фарди бо нангу номуси миллат, бахусус омӯзгорон ва зиёиён вобастагӣ дорад. Бинобар ин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ фаъолнокӣ нишон дода, баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дониш ва неруи худро равона созанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ