Мулоқоти корӣ байни намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиноси Барномаи рушди СММ

21 феврали соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ мулоқоти корӣ байни намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва коршиноси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Иракли Кокетшвили ҷиҳати баррасии таклифу пешниҳод ва ташаббусҳо дар самти муқовимат ба коррупсия сурат гирифт.

 

Ба кори чорабинӣ муовини якуми директори Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Агентӣ хайрамағдам гуфтанд ва сипас аз ҷониби коршиноси Барнома таҷрибаҳои пешқадам дар самти муқовимат ба коррупсия ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

 

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва Барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар манзур гардид.

 

Чорабинӣ ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилаи судманд маҳсуб дониста шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.

 

Маркази  матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ