Омода карда додани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ ҳамчун роҳу усусли ба даст овардани фоида
Хоҷаев Дилшод Абдусаломович дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши манзилию комуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, тахминан моҳи майи соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Муҳиддинов Саъдулло Нуруллоевич, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, бинои 3, ҳуҷраи 9, маблағи 1500 доллари ИМА талаб намуда гирифта, онро тасарруф намуданд.
Дар натиҷаи ин кирдори қасдонаи номбурдагон ба шаҳрванд “А” зарари махсусан калони моддӣ расонида шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Хоҷаев Д.А. ва Муҳиддинов С.Н. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.