Қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ

 

Одинаев Парвиз Додарбегович дар вазифаи нозири калони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зад.

Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.

Одинаев П.Д. бо мақсади амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз охирон маблағи 1500 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи мазкурро талаб намуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Дар ин асос нисбати Одинаев П.Д. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

       Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ