Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021

 

16 июли соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли 2021 доир гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ оид ба корҳои дар давраи сипаригардида анҷомдодаашон шунида шуд.

Минбаъд дар идомаи ҷаласа муҳокимаи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 дар самтҳои назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, ошкору бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва таҳқиқу тафтиши пешакии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир бо назардошти натиҷаи ҷаласа ҳайати шахсӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар супоришҳои соҳавӣ барои нимсолаи дуюми соли 2021 вазифадор карда шуданд.

           Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ