Сафари кории Директори Агентӣ ба ноҳияи Дӯстӣ
Санаи 11-уми январи соли 2019 бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар рафти сафари корӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти мазкур, роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва як қатор истиқомакунандагони ноҳияи болозикр ҷамъомади васеъ гузаронида шуда, оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 декабри соли 2018 баён доштанд, суханронӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ доир ба дастовардҳои кишвар дар соли 2018, аз ҷумла ташаббуси 4-уми ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», вусъат ёфтани ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин эълон намудани моратория барои манъ кардани тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот барои солҳои 2019-2020, “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳо