Гирифтани пора бо роҳи сохтакории хизматӣ

  Ҳомидова Саодат Одинаевна дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, аз шаҳрванд “А” барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оиди собиқаи хизматӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудааст.

 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова С.О. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

  Вобаста ба ҳолатҳои кор нисбати Ҳомидова Саодат Одинаевна бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail