Талаби маблағ барои ҷудо карда додани замин дар шаҳри Кулоб
Давлатов Саидмумин Гадоевич дар вазифаи мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб кор карда истода, моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз охирин барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуда, бо ин кирдори худ ба охирин зарари калони моддӣ расонид.
Ғайр аз ин, Давлатов С.Г. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Давлатов С.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.