Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар   17.02.2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид,

масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатарро ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.

Амири Давлати Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.

Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд.

Дар ин зимн атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Давалати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.

Сарони ду давлати дӯст ҳамчунин доир ба як қатор мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб табодули андеша карданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ