Ҷамъбасти озмунии шаҳрии “Коррупсия - фоҷеаи миллат!”

Ҷиҳати таъмини иҷрои босифати “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Коррупсия-фоҷеаи миллат!” аз санаи 17 апрел то 01 майи соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкилу баргузор карда шуд.

 

Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ волидайни онҳо оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун падидаи воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.

 

Дар озмун намояндагони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва омӯзгорону таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар рафти он аз тарафи таълимгирандагони муассисаҳо расмҳо ва иншоҳо дар мавзўи “Коррупсия – фоҷеаи миллат!” пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа ғолибони озмун бо диплому сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро барои баланд бардоштани савияи донишу фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва дар ин замина ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ