Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар доираи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории Озмуни солонаи байналмилалии ҷавонон зери унвони «Якҷоя бар зидди коррупсия» ба нақша гирифтааст.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҷавонон ба мушкилоти вобаста ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити зиддикоррупсионӣ дар байни ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Озмун дар гурӯҳҳо аз синни 10 то 25 сола дар номинатсияҳои «Беҳтарин расм», «Беҳтарин овеза» ва «Беҳтарин навор» гузаронида шуда, қабули маводҳо аз 1 май то 1 октябри соли 2026 ба таври онлайн дар сомонаи www.anticorruption.life сурат мегирад. Ҷамъбасти озмун ва эълони натиҷаҳои он 9 - декабри соли 2026 дар «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» пешбинӣ гаштааст.

Соли қаблӣ ба озмун зиёда аз 30 ҳазор мавод пешниҳод гардида, дар он ҷавонони зиёда аз 40 давлати дунё иштирок намуданд.

Зимнан, ба ҷавонони кишвар пешниҳод карда мешавад, ки баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзанд!

Маркази матбуоти Агентӣ