Бо мақсади баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, коркард ва дар таҷрибаи миллӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, дарёфт ва ҷалби ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод дар раванди татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2026 то 23 майи соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявӣ дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор мегардад.

Озмун дар ҳамоиши тантанавӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи директори Агентӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута бо «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

Муҳлати пешниҳодҳои маводҳо аз 25 апрели соли 2026 то 15 майи соли 2026 пешбинӣ гардидааст. Маълумоти бештарро вобаста ба тартиби пешниҳоди маводҳо барои иштирок дар Озмун ва дигар маълумотҳои заруриро метавонед аз сомонаи расмии Агентӣ (https://www.anticorruption.tj/contest) ва ё маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии худ дастрас намоед.

Маркази матбуоти Агентӣ