6 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тазими ҷашну маросими донишгоҳ вохӯрӣ ҷиҳати баррасии пешниҳоди мақомот доир ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур масъулини раёсати Агентӣ муҳтавои қонуни болозикрро миёни ҳозирин мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, аҳамият ва самтҳои асосии онро барои пешгирии қонуншиканиҳо ба иштирокчиён фаҳмонида доданд. Ҳамзамон дар баробари ин ба иштирокчиён қонунгузории зиддикоррупсионии кишвар, бобати баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон ва таъмини иҷрои бечунучарои онҳо фаҳмонида дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ.